Зеленский Русияро ба “терроризми давлатӣ” муттаҳам кард ва хоҳони ихроҷи ин кишвар аз Шӯрои амният шуд. Ҷанг дар ҷанубу шарқи Укроин ба шиддат дар ҷараён аст ва Русия эълом карда, ки шаҳрдори Херсонро дастгир кардааст.
Бар асоси охирин хабарҳо нерӯҳои амниятии Русия эълом карданд, ки Игор Куличаев, шаҳрдори шаҳри Херсон дар ҷануби Укроинро дастгир кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки ӯ аз дастуроти Русия сарпечӣ карда буд. Яке аз мушовирони Куличаев гуфт, ки шаҳрдор “ба ин далел рабуда шуд, ки ӯ намехост бо ишғолгарони русӣ ҳамкорӣ кунад”.
Ҳамзамон Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин Русияро ба “терроризми давлатӣ” муттаҳам кард. Ў пас аз ҳамлаи мушакии Русия ба як маркази савдо дар шаҳри Кременчук аз тариқи видеоӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони милал ширкат кард ва аз ин ниҳод хост то Русияро аз тамоми ҳуқуқ дар Шӯрои амният маҳрум кунад. Русия бо доштани ҳақи вето дар Шӯрои амният метавонад дар ҳар замон аз чунин иқдомоте ва ҳамчунин дархости Зеленски ҷилавгирӣ кунад.
Хабаргузории Рейтерз рӯзи чаҳоршанбе 29 июн гузориш дод, ки пас аз ҳамлаи мушакии Русия ба ин маркази савдо аз сарнавишти даҳҳо нафар ҳамчунон хабаре нест. Ҳамлаи Русия ба ин марказ ба кушта шудани ҳадди ақал 18 нафар мунҷар шуд.
Ҳамзамон фармондори Луганск гуфтааст, ки ҳамалоти Русия дар Лисичанск дар шарқи Укроин дар ҳоли афзоиш аст. Сергей Гайдай дар телевизиони Укроин эълом кард, ки «вазъият дар Лисичанск бисёр душвор аст.” Ӯ гуфт: “русҳо аз тамоми силоҳҳое, ки дар ихтиёр доранд, ба ҳар нуқта, аз ҷумла ба аҳдофи ғайринизомӣ, мактаб, кудакистонҳо, муассисоти фарҳангӣ, ҳамла мекунанд.” Ӯ гуфтааст, ки “ҳама чиз нобуд хоҳад шуд.”
Кирил Петков, нахуствазири Булғория аз ихроҷи 70 дипломати рус аз ин кишвар хабар дод. Ў гуфт, ки сервисҳои иттилоотии Булғория ин афродро ба унвони касоне, ки «алайҳи манофеъ”-и кишвараш фаъолият мекунанд, шиносоӣ кардаанд. Вазорати умури хориҷаи Булғория гуфт ин дипломатҳо “таҳдиде барои амнияти миллӣ” шинохта мешаванд ва бояд то севуми июл онҷоро тарк кунанд.