Рубрики Хабарҳо

Нитонёҳу: Талош мекунем амалиёт алайҳи мавозеъи Эрон дар Сурия идома ёбад

Нахуствазири Исроил пеш аз сафар ба Русия изҳор дошт, ки талош мекунад амалиёти артиш ва нерӯҳои ҳавоии ин кишвар алайҳи мавозеъи Эрон дар Сурия идома ёбад. 

Бинёмин Нитонёҳу, нахуствазири Исроил пеш аз сафар ба Русия ва дидор бо Владимир Путин раисҷумҳури ин кишвар дар шаҳри Сочӣ, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Талош мекунем амалиёти артиш ва нерӯҳои ҳавои алайҳи мавозеъи Эрон дар Сурия идома ёбад. 

Вай афзуд: ин сафар барои амнияти Исроил дар қиболи ҳамалоти эҳтимолии Эрон ва муттаҳидонаш бисёр муҳим аст ва мо низ алайҳи онҳо даст ба иқдомоте хоҳем зад. 

Ӯ идома дод: Ҳадаф аз ин сафар ҳамоҳангии мо барои ҷилавгирӣ аз бархӯрди Русия ва Исроил дар Сурия ва ҳамчунин идомаи талошҳо барои расидан ба ҳадафи муштарак бо Русия аст, ки ҳанӯз ҳосил нашуда, ва он ихроҷи Эрон аз Сурия аст. 

Гуфтанист, Бинёмин Нитонёҳу, нахуствазир Исроил тайи суханоне дар нишасти амниятӣ бо мақомоти Амрико ва Русия, ки чанд моҳ пеш дар Қудси ишғолӣ баргузор шуд, бо ишора ба ин ки кишвараш садҳо бор мавозеъи Эрон дар Сурияро ҳадаф қарор додааст, гуфт: Исроил ба ҳамалоти худ идома дода ва ба Эрон иҷозаи ҳузур дар Сурияро нахоҳад дод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *