Рубрики Хабарҳо

Ҳукумати Толибон бо Эрону Русия консорсиуми сармоягузорӣ эҷод мекунад

Вазорати бозаргонии давлати Толибон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки бо мушорикати ширкатҳое аз Русия, Эрон ва Покистон барои эҷоди сармоягузорӣ бо тамаркуз бар нерӯ, маъдан ва зерсохтҳо консорсиум (иътилоф) эҷод кардааст. 

Нуруддин Азизӣ, сарпарасти вазорати бозаргонии Иморати исломии Афғонистон гуфтааст, ки ин вазоратхона тафоҳумномаеро бо ширкатҳои хориҷӣ имзо карда, ки намояндагонеро барои баррасии пружаҳое ба арзиши як миллиард доллар ба Кобул бифиристанд. 

Иқтисоди Афғонистон аз замони тасаллути Толибон бар Афғонистон дар соли 2021 ба шиддат бо мушкил мувоҷиҳ шудааст. Бо рӯйи кор омадани Толибон ҷомеаи байналмилалӣ бештар буҷаи тавсеаро коҳиш дод ва таҳримҳоеро бар низоми банкии ин кишвар иъмол кард. Илова бар ин маҷмӯаи ҳамалоти ДОИШ алайҳи аҳдофи хориҷӣ низ барои бархе аз сармоягузорон нигаронкунандааст. 

Азизӣ мегӯяд давлати Толибон бар роҳандозии чандин тарҳи тиҷории баландмуддат аз ҷумла консорсиум ва эҷоди манотиқи вижаи иқтисоди мутамаркиз шудааст. Онҳо ҳамчунин дар талошанд то амнияти тоҷиронро тазмин кунанд. 

Ба гуфтаи ӯ “баҳсҳои зиёде дар мавриди амният дар ҷаласоти кобина сурат гирифта ва комиссияҳое низ дар ин робита эҷод шуда ва махфигоҳҳои ситезаҷуён тахриб шудааст. Иморати исломии амниятро тазмин ва аз бахши хусусӣ дар заминаи амниятӣ ҳимоят хоҳад кард.” 

Азизӣ дар бахши дигаре аз суханонаш мегӯяд дар ин консорсиум илова бар пружаҳои маъданӣ ва барқ, сохти туннели дувум аз тариқи гузаргоҳи Саланг дар шимоли Афғонистон, пружаи интиқоли об аз вилояти Панҷшери шимолӣ ба пойтахт ва ҳамчунин бозсозии шоҳроҳи аслии иттисоли Кобул ба вилояти ғарбии Ҳирот низ дар назар гирифта шудааст.

Ба гуфтаи сарпарасти вазорати бозаргонӣ, давлати Толибон бо ҳадафи ҷазби сармоягузории хориҷӣ дар ҳоли барномарезӣ барои тамаркуз бар эҷоди манотиқи вижаи иқтисодӣ аст. 

Ӯ мегӯяд маҳмулаҳои нафт, газу гандум таҳти як қарордоди бузург бо Русия дар соли гузашта аз тариқи ҷода ва роҳи оҳан аз Осиёи марказӣ ба Афғонистон ирсол шудааст. Ҳарчанд алорағми таҳримҳои G-7 бисёре аз пардохтҳои байналмилалӣ дар Афғонистон маҳдуд шуда, аммо пардохтҳо аз тариқи каналҳои банкӣ анҷом шудааст. 

Ин мақоми Толибон аммо тавзеҳи бештаре надод, ки кадом банкҳо ин пардохтро тасҳил кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *