Бар асари фаромадани тарма дар ағбаи Шаҳристон, дар роҳи Душанбе-Чаноқ, чаҳор нафар кушта шуданд. Ҳодиса дирӯз 26 феврал хабар дод дар 157-ум километри ягона шоҳроҳе, ки ҷанубу шимоли кишварро мепайвандад рух додааст.
Тибқи иттилои ширкати мутааллиқ ба дузтару домоди Эмомалӣ Раҳмон — Инновейтив Роуд Солюшнз (IRS), ки нигоҳубини ин роҳро бар душ дорад ва аз роҳгузарон пул меситонад, се нафар дар ҷои ҳодиса ва як нафар дар беморхона ҷон бохтаанд. Як мусофири дигарро дар беморхонаи ноҳияи Шаҳристон бистарӣ кардаанд.
Ҷузъиёти ҳодиса ва шахсияти афроди фавтида маълум нест.
Ин ширкат гуфтааст, ки бинобар фаромадани тарма рафтуо дар роҳи самти Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шудааст. IRS бо вуҷуди ситонидани маблағҳои ҳангуфт аз гаронтраин роҳи пулакӣ дар ҷаҳон, дар нигоҳубини он саҳлангорӣ мекунад ва дар зимистон ҳафтае нест, ки ин роҳ баста нашавад.
Зимистони имсол дар Тоҷикистон барфи зиёд борид ва дар пайи он тармафароӣ ҳам рекорлшиканӣ дорад..
Бар асари фаромадани тармаҳо дар як моҳи ахир беш аз 20 нафар кушта шуданд ки аксари онҳо сокинони шаҳри Хоруғи ВМКБ буданд.
Тармаи рӯзи 15-уми феврал дар Хоруғ даҳҳо манзили зистро хароб кард. Қурбониёни ин ҳодиса аксаран зан ва се нафар кудак буданд.