Рубрики Хабарҳо

Парвози муваффақиятомези паҳподи “Байрактар Кизил Алма” дар Туркия

Паҳподи “Байрактар Кизил Алма”-и Туркия аввалин парвози худро бо муваффақият анҷом дод. 

Ҳавопаймои ҷангандаи бидуни сарнишини Туркия “Байрактар Кизил Алма” , ки тавассути ширкати Байкар, созандаи паҳподҳои мусаллаҳ ва ғайрмусаллаҳи Туркия тавлид шудааст, аввалин парвози худро бо муваффақият анҷом дод. 

Ширкати Байкар тайи баёнияе дар ин замина изҳор дошт, ки ин паҳпод дар маркази омӯзиш ва озмоиши парвози “Икинчи” дар Чорлу Текирдағ аввалин парвози худро дар соати 15:17 бо муваффақият анҷом дода ва фуруд омад. 

Ин ширкат гуфтааст аввалин парвози паҳподи “Байрактар Кизил Алма” , ки 18 дақиқа ба тӯл анҷомид, асри ҷадидеро дар таърихи ҳавонавардии Туркия кушод. 

Салҷуқ Байрактар, мудири фаннии ширкати дифоъии Байкар тайи суханоне дар аввалин парвоз гуфт, ки ин орзуи мо аз рӯзи оғози талошҳоямон буд. Имрӯз, 3 сол пас аз “Икинчӣ”, аввалин парвози ин паҳпод бо муваффақият анҷом шуд. 

Вай гуфт : мо ҳамчунин барои аҳдофи баъдӣ бетаваққуф талош хоҳем кард. Паҳподи “Байрактар Кизил Алма” намоди таваллуди дубораи тамаддуни мо дар фановарӣ аст. Кишвари мо дар фановариҳои ғайринизомӣ низ ба муваффақиятҳои бузурге даст хоҳад ёфт. 

Салҷуқ Байрактар ҳамчунин дар ҳисоби корбарии худ дар твиттер аз нахустин парвози паҳподи ҷангандаи “Байрактор Кизил Алма” навишт: бештар аз ин натавонистам рӯйи замин нигаҳаш дорем. Парвоз кард. Худоё шукрат. 

Ин паҳпод муҷаҳҳаз ба радари AESA ва суръати мо фавқи садо дорад. Ин паҳпод бар хилофи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин метавонад монанди ҳавопаймоҳои ҷангии сарнишиндор бо манёврҳои таҳоҷумӣ набарди ҳавоӣ анҷом диҳад. 

Паҳподи мазкур бо ин тавоноиҳо муодилотро дар майдони ҷанг тағйир медиҳад ва таъсири чанд баробарӣ бар боздорандагии Туркия хоҳад дошт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *