Вазирони дороии кишварҳои Гурӯҳи 20 дар нишасте, ки дар Ҳинд баргузор шуд дар бораи судури як баёнияи муштарак ба тавофуқ нарасиданд. Иллати ин амр мухолифати Чин ва Русия бо корбурди вожаи “ҷанг” барои таҷовузи низомиёни русӣ ба хоки Укроин будааст.
Вазирони дороии бист қудрати санъатӣ ва иқтисодҳои навзуҳури ҷаҳон, мавсум ба Гурӯҳи 20 шомгоҳи шанбе, 25 феврал дар поёни нишасти худ дар Бангалори Ҳинд бар сари судури як баёнияи муштарак ба тавофуқ нарасиданд.
Ҳинд ба унвони мизбони ин нишаст хулосаҳое аз мавозеъи муштараки 18 кишвари узви Гурӯҳи 20-ро мунташир карда, ки дар он таҷовузи низомиёни русӣ ба хоки Укроин ба шиддат маҳкум шудааст.
Аксарияти аъзои гурӯҳи 20, ба ҷуз Чин ва Русия хостори ақибнишинии ҳар чӣ зудтари нерӯҳои русӣ аз манотиқи ишғолии Укроин шудаанд.
Русия таҷовуз ба Укроинро “аъмалиёти низомии вижа” мехонад ва бо додани унвони “ҷанг” ба он мухолиф аст. Чин низ дар ин замина бо Маскав ҳамроҳӣ карда ва ба иллати мухолифати ин ду кишвар, Гурӯҳи 20 кори худро бидуни судури баёнияи муштарак хотима дод.
Чин 24 феврал ва дар нахустин солрузи таҷовузи низомии Русия ба Укроин ибтикори сулҳе ироа кард, ки бо истиқболи зиёде рӯ ба рӯ нашудааст.
Кристиан Линднер, вазири дороии давлати федерали Олмон мегӯяд дар иҷлоси Банглер ваҷҳҳои муштараки зиёд дар бораи таҷовузи Русия ба Укроин вуҷуд дошт, ба истиснои Чин, ки мавзеъи дугонае гирифт.
Пекин дар ҳоле мухолифат бо ба кор бурдани вожаҳои ҷанг ё таҷовуз канори Маскав қарор гирифта, ки мекӯшад барои хотима додан ба ҷанги Укроин нақши миёнҷиро бозӣ кунад.
Ба гузориши хабаргузории Олмон, Линднер таъкид карда, ки бояд ба сароҳат гуфта шавад, ки дар ҳоле, ки Чин чунин мавзеъе гирифта, кишваре монанди Бразилия акнун мавзеъи равшантаре дорад.
Пас аз интихоботи саросарии Бразилия дар ноябри соли 2022 Лула да Силва муқобили раисҷумҳури ростгароии ифротии вақт Ҷаир Болсонаро ба пирӯзӣ расид ва аз он пас сиёсатҳои наздикӣ ва пуштибонӣ аз Маскав гирифта шуд.
Сарон ва шахсиятҳои аршади Гурӯҳи 20 дар нишасте ҳам, ки миёнаи ноябр дар Балии Индонезия баргузор шуд бар сари як баёнияи муштарак дар маҳкумияти қотеъи таҷовузи низомӣ ба Укроин тавофуқ накарда буданд.
Дар поёни нишасти Бали эълом шуд бештари ширкаткунандагон ҷанги Укроинро ба шиддат маҳкум мекунанд, аммо ҳама бар сари нақши мухарриби ин ҷанг бар иқтисоди ҷаҳонӣ ва заъифсозии он иттифоқи назар доранд.
Иттиҳоми Русия ба кишварҳои ғарбӣ
Русия кишварҳои ғарбиро ба бесубот кардани нишасти вазирони дороии Гурӯҳи 20 муттаҳам карда ва муддаӣ шуда Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва ҳафт кишвари санъатии ғарб (Гурӯҳи ҳафт) монеъи судури баёнияи муштарак дар Ҳинд шудаанд.
Кишварҳои Гурӯҳи ҳафт рӯзи ҷумъа бастаи таҳрими ҷадиде алайҳи Русия ба хотири таҷовузи низомӣ ба Укроин тасвиб карданд. Аъзои Иттиҳодияи Аврупо низ ҳамон рӯз дар бораи даҳумин бастаи таҳрими алайҳи Маскав тавофуқ карданд.
Ба таври маъмул дар поёни нишастҳои Гурӯҳи 20 ширкаткунандагон дар баёнияе ба шарҳ доднаи барномаҳо ва ҳадафҳои муштарак мепардозанд аммо аз замони таҷовузи Русия ба Укроин ин кор бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст.
Дар иҷлоси вазирони дороии Гурӯҳи 20 дар Ҳинд бар сари сабуксозии бозпардохти бадеҳиҳои кишварҳои фақир ҳам ихтилофи назар вуҷуд дошт.
Вазири дороии Олмон, ки рӯзи ҷумъа ба Чин ҳушдор дода буд дар заминаи кумак ба кишварҳое мислии Ғано масъулиятпазирии бештаре дошта бошад дар хотимаи нишаст гуфтааст хушбин аст, ки тайи соли ҷорӣ дар ин замина пешрафтҳое ҳосил шавад.
Гурӯҳи 20 дар соли 1999 ба манзури талош барои беҳбуди ҳамкориҳо дар заминаи системҳои молии байналмилалӣ шакл гирифт. То соли 2008 нишастҳои ин гурӯҳ дар сатҳи вазирони дороии баргузор мешуд ва дар ин сол барои нахустин бор сарону раҳбарони Гурӯҳи 20 ҳам гирд ҳам омаданд.
Гурӯҳи 20 шомили аъзои Гурӯҳи ҳафт (Амрико, Олмон, Фаронса, Бритониё, Италия, Канада ва Ҷопон) ба изофаи Чин, Русия, Ҳинд, Индонезия, Бразилия, Аргентина, Мексика, Африқои ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Туркия ва Иттиҳодияи Аврупо мешавад.