Марди 63-солаи сокини ш.Ҳисор бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳои табиӣ дастгир карда шуд. Дар ин бора вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 7-адад сангҳои қимматбаҳои ба ёқути сурх монанд гирифта шуд.
Дар асоси маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-адад сангҳои рангашон сурх, вазни умумиашон 86,32-гр “Ёқути сурх” буда, арзишашон 51 ҳазору 320-сомониро ташкил медиҳад ва 3-адад санги рангҳояшон сурх, вазни умумиашон 2,59-гр сангҳои коркардшудаи «Ёқути сурх» буда, арзишашон 10 ҳазору 350-сомониро ташкил медиҳад.
Вазни умумии сангҳои қимматбаҳои гирифташуда 88,91-граммро ташкил дода, арзиши умумиашон 61 ҳазору 670-сомонӣ баробар бо 6500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Гуфтанист, тибқи маълумотҳо ин тиҷорат бештар дар дасти шахсони наздик ба Оила қарор дорад. Аммо дар хариду фурӯши ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо ва нодири Тоҷикистон, танҳо қоҷоқчиёни майда-чуйдаи берун аз доираи инҳисоргарони асосии ин тиҷорат боздошт мешаванд.