Артиши Русия рӯзи якшанбе ва як рӯз пас аз ишғоли як шаҳри муҳим дар шарқи Укроин, Киев, пойтахти ин кишварро ҳамзамон бо оғози нишасти сарони кишварҳои узви Гурӯҳи-7 (J-7) дар Олмон, мушакборон кард.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, рӯзи якшанбе бо интишори паёми телеграмӣ эълом кард, ки воҳидҳои тӯпхонаии Русия минтақаи марказии пойтахти Укроинро ҳадаф қарор додаанд, ки дар натиҷаи он бахшҳое аз як воҳиди биноҳои 9 табақа тахриб ва дучори сӯхтор шудааст. Кличко ҳамчунин аз оғози амалиёти наҷоти ғайри низомиёни зери вайронаҳо монда хабар дод.
Алексей Гунченко, яке аз аъзои парлумони Укроин ҳам бо интишори паёме дар ҳисоби телеграми худ навишта тибқи баровардҳои аввалия дасти кам 14 фарванд мушак ба самти минтақаи Киев ва худи пойтахт шиллик шудааст.
Ҳамалоти дубораи Русия ба Киев дар ҳоле оғоз шуда, ки рӯзи шанбе Северодонетск, шаҳри муҳимми шарқӣ, пас аз ақибнишинии нерӯҳои укроинӣ ба ишғоли комили нерӯҳои таҳти ҳимояти Русия афтод. Суқути Северодонетск як шикасти бузург барои Киев маҳсуб мешавад чаро, ки ҳифзи контроли минтақаи шарқӣ ва ҷудоиталаби Донбасс, ки тасарруфи комили он яке аз аҳдофи низомии муҳим барои Кремл аст, бисёр дорои аҳамият буд.
Ҳамзамон бо мушакборони Киев, сарони ҳафт кишвари санъати мавсум ба Гурӯҳ-7 (J-7) нишасти серӯзаи худро дар Олмон зери сояи ҷанги Укроин оғоз мекунанд. Нишасте бо ҳузури сарони Амрико, Фаронса, Бритониё, Олмон, Ҷопон, Канада, Италия, ки яке аз меҳварҳои он даст ёфтан ба тавофуқ барои эъмоли таҳримҳои иқтисодии бештар алайҳи Маскав ва ҳимояти молии бештар аз Укроини ҷангзадааст. Таҳрими воридоти тилло аз Русия аз мавориди муҳимме аст, ки сарони ин ҳафт кишвар бар рӯйи он тавофуқ кардаанд.
Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, дар остонаи баргузории ин нишаст аз омодагии кишвараш барои кафолати қарзи 525 миллион долларии Бонки ҷаҳонӣ ба Укроин хабар дод, ки дар сурати таҳаққуқ маҷмӯъи ҳимояти молии Лондон аз Киевро дар соли 2022 ба 1.5 миллиард доллар мерасонад.
Ҷонсон ҳамчунин бар лузуми идомаи ҳимояти Ғарб аз Укроин таъкид кард ва ваъда дод, ки Киев ҳатман дар набард бо Русия пирӯз хоҳад шуд.
Бо ин ҳол, Русия дар оғози панҷумин моҳ аз таҳоҷуми низомии худ ба Укроин ҳамчунон саъй дорад, ки худро мусаммам ба идомаи ҷанг нишон диҳад. Бар ҳамин асос, вазорати дифоъи ин кишвар рӯзи якшанбе аз боздиди Сергей Шойгу, вазири дифоъ, аз воҳидҳои низомии даргири ҷанг хабар дод ва ҳадаф аз ин боздидро баррасии охирин вазъияти амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҷабҳаҳои мухталиф бо ҳузури фармондеҳони артиш унвон кард.