Рубрики Хабарҳо

Натоиҷи интихоботи шаҳрдории Истамбул ботил шуд

Шӯрои олии интихоботи Туркия  бо қабул эътироз ҳизби ҳокими Адолат ва тавсеъа раъй ба ибтоли натоиҷи ройгирӣ барои интихоботи Истамбул ва баргузории муҷаддади он дар таърих 23 июн дод.

Дар ҷаласаи имрӯзи ин шӯро, аъзо бо баррасии эътирозҳо ба интихоботи шаҳрдории Истамбул бо 7 раъйи мувофиқ дар муқобил 4 мухолиф натоиҷи ин интихоботро ботил эълом кард.

Ин шӯро фардо низ ба барраси эътирози ҳизби Адолат ва тавсеъа ва ҳамчунин ҳизби Ҳаракати миллӣ ба натоиҷи интихоботи шаҳрдориҳо дар манотиқ Буйукчекмаҷа ва Молтеппа хоҳад пардохт.

Бар асоси раъйи содира аҳзоби ширкаткунанда дар интихоботи 31 март ҳаққи ширкат дар интихоботи муҷаддадро хоҳанд дошт ва бо кондидоҳои қаблӣ дар ин интихобот ширкат хоҳанд кард. Феҳристи раъйдиҳандагон бидуни тағйир ва ҳаммонанди феҳристи интихоботи 31 март хоҳад буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *