Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми кӯшиши пайвастан ба гурӯҳҳои тундгаро дар вилояти Красноярски Русия ба зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.
Ба гузориши хабаргузории РИА –Новости, додгоҳи низомии вилояти Красноярски Русия ин ду нафар ба номҳои М. Ҳабибуллоҳзодаи 28 сола ва Ш. Гиёҳови 23 соларо ба ҳашт ва шаш соли зиндон маҳкум кардааст.
Мақомоти идораи Хадамоти амнияти федералии Русия дар вилояти Красноярск гуфтаанд, ин ду нафар қасд доштанд аз хоки Туркия ва бо убури ғайриқонунӣ аз марзи ин кишвар ва Эрон, худро ба Афғонистон бирасонанд ва ба яке аз гурӯҳҳои фаъоли террористӣ дар дохили ин кишвар бипайванданд.
Ҳабибуллоҳзода бо ҳазинаи худ барои Гиёҳов дар парвози Красноярск– Истанбул ҷо резерв карда буд, ки ҳар ду ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо боздошт шуданд.
Ҳамчунин ин ду барои убури ғайриқонунӣ аз марзи Туркия ба Эрон ва Афғонистон, миқдоре пули миллии ин се кишварро низ таҳия карда буданд.
Чанде пеш ба Паём як номае омада буд, ки муҳтавои он нома қариб ба ҳамин хабар монанд буд. Дар нома гуфта мешуд, ки ду нафар ба хотири “пересикания граница” (убури марз) мехостанд ба Туркия сафар намуда, аз он ҷо бозгарданд ва ҳуҷҷатҳои буду боши худро аз сари нав расмӣ кунанд. Аммо онҳоро дар фурӯдгоҳи Эмеляновои шаҳри Красноярск боздошт намуда, алайҳи ин ду муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми терроризм ва экстремизм парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Ҳеҷ касро барои гуфтугӯ ва дидорбинӣ иҷоза надодаанд. Ҳатто вакили дифоъ низ ба ҷуз як маротиба натавонистааст аз онҳо дидор кунад. Чун ному насаби нависандаи нома ва шахсони боздоштшуда номаълум буд ва ҳам бо шахсе, ки номаро фиристодааст, мо натавонистем тамоси такрорӣ барқарор намуда, аз ин қазия муфассал маълумот бигирем, Паём салоҳ надонист, ки ингуна хабар нашр шавад.
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози танишҳои Русия бо кишвари ҳамсояи Украина, аксари муҳоҷирон баъди тамом шудани мӯҳлати буду бошашон дар Русия, кӯшиш мекунанд, ки бо убури марзи Қазоқистон ва баргаштан ба Русия ҳуҷҷатҳои буду боши худро аз сари нав расмӣ кунанд. Ҳамчунин ба хотири арзон будани чиптаи парвоз аз баъзе шаҳрҳои Русия ба монанди Москва, Қазон, Набережние Челни ва ғайра, ба шаҳри Стамбул, Анталия ва ё Анкараи Туркия бо чиптаи рафтуомад парвоз мекунанд ва бо ин парвоз, баъди бозгашт ба Русия ҳуҷҷатҳои буду боши худро аз сари нав расмӣ мекунанд.
Аммо, ин сафарҳо ба мисли қазияи дар боло зикршуда, даҳҳо риск ва мушкилиҳое дар пай дорад, ки новобаста аз ин мушкилиҳо муҳоҷирони тоҷик даст ба чунин иқдомҳо мезананд ва дар натиҷа иддае аз онҳо аз ҷониби эммисарҳо шикор мешаванд ва иддаи дигарашон бошад, туъмаи кормандони низомии рутбахоҳи Русия мегарданд.