Рубрики Хабарҳо

Фарзи гуноҳ. Ё адолати тоҷикии судӣ

Моҳе қабл Додгоҳи Аврупо аз Русия фарзи бегуноҳиро (презумпция невиновности) лағв кард ва фарзи гуноҳро (презумпция виновности) нисбати ин кишвар тасвиб кард. Яъне минбаъд ҳар нафаре алайҳи Русия ба Додгоҳи Аврупо шикоят бурд ҳақ ва Русия ноҳақ аст, то замоне, ки ин кишвар ҳақ будани худ ва ноҳақ будани даъвокунандаро собит кунад.

Ин қоида комилан хилофи қоидаи аслии додгоҳӣ аст. Чун тибқи қоида бояд айбдоркунанда даъвои худро собит кунад ва ҳар муттаҳаме то замони собит шудани гуноҳаш бегуноҳ ҳисобида мешавад.  Фарзи гуноҳ дар Додгоҳи Аврупо нисбати он кишварҳои тасвиб мешавад, ки беш аз 96 дарсади даъвоҳо алайҳашон тасдиқ шуда, ба фоидаи даъвогар тамом шудааст. 

Ҳамин қоидаи истисноӣ, яъне фарзи гуноҳ, ки Додгоҳи Аврупо танҳо баъди ҳамаи мурофиаҳои додгоҳиро бохтани Русия нисбати ин кишвар тасвиб кардааст, дар Тоҷикистон қоидаи аслӣ аст ва барои ҳамаи мардум татбиқ мешавад. Ҳамаи мақомоти интизомӣ, амниятӣ, тафтишотӣ ва додгоҳӣ ҳам ин қоидаро ба ҷои фарзи бегуноҳи чун асос қарор додаанд ва аз он истифода мебаранд. Барои собит кардани ин метавон дилхоҳ парвандаро дар кишвар бардошт ва онро аз аввал то ба охир таҳқиқ кард.

Ҳоло барои кӯтоҳ шудани матлаб ҳаводиси чанд рӯзи охир ва боздошту ҳукми Далер Шариповро мисол мезанем. Чаро маҳз Далерро? Чун қазияи ӯ мавриди таваҷҷӯҳи аксарият буд ва бештари корбарони интернет онро пайгирӣ карданд ва аз ҷузъиёташ огоҳанд. 

Боздошт

Боздошти Далер Шарипов тибқи ҳамин қоида, яъне фарзи гуноҳ сурат гирифт. Ӯро бидуни даъвати расмӣ, бе эълон кардани айбе, ки дар он гунаҳкор пиндошта мешавад, бе ҳузури вакили дифоъ ва баён кардани ҳуқуқҳояш дастгир карданд. Бе санксия (ё ҳади ақал нишон додани он ба наздиконаш) хонаашро тафтиш ва амволашро бо худ бурданд.

Танҳо баъди 14-15 соат, он ҳам бо кӯшиши рӯзноманигорони фаъол маълум шуд, ки Далер дар шӯъбаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.  

Мақомоти боздошткарда, аниқтараш шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансур бидуни ҳеҷ тафтишоте, ҳанӯз қабл аз боздошти Шарипов, мутмаъин буданд, ки ӯ гунаҳкор аст. 

Ҳукми додгоҳ барои тамдид

Дар ҳоле, ки ҳанӯз аз оздошти Далер 48 соат сипарӣ нашуда буд, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ӯро ба “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” тибқи моддаи 189, қисми яки Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам кард ва ба 2 моҳи боздошти пешакӣ маҳкум намуд. 

Аҷобати кор инҷост, ки Шариповро ба  барангехтани кинаю адоват аз рӯи навиштаҳояш дар чанд соли охир ҳукм карданд. Имкони таҳқиқи навиштаҳои ӯ, ҳатто 1 навиштаи ӯ дар камтар аз 48 соат вуҷуд надорад. Чун бояд бо ҷалби мутахассисон аз чанд мақомот комиссиюне ташкил шавад ва онҳо бо омӯхтани навиштаҳои муттаҳамшуда хулосаи худро пешниҳод кунанд. 

Яъне додгоҳ ҳам аз аввал, бидуни ҳеҷ таҳқиқе мутмаъин буд, ки Далер гунаҳкор аст ва бояд боздошт шавад.

Шарҳи додситонӣ

Ду рӯз баъд, яъне баъди 4 рӯзи боздошт дар изҳороте, ки рӯзи 1-уми феврал нашр шуд, Додситонии кул Шариповро ба нашри “200 матлабу мақола”-и “дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ”, ки “ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд”, муттаҳам кард.

Дар чаҳор рӯз на танҳо ташхису баррасии 200 матлабу мақола ғайриимкон аст, балки таъсиси комиссиюн бо ҷалби мутахассисон шубҳанок аст. Чун бояд ба ҳар муассиса мактуби расмӣ равона карда шавад, муассиса мутахассисро ҷудо карда, бо мактуби ҷавобӣ посух диҳад ва баъди расидани ҳамаи посухҳо додситонӣ комиссиюнро ташкил дода, матлабу мақолаҳоро ба онҳо барои ташхису баррасӣ супорад. Ин кор ҳафтаҳо вақт мехоҳад. 

Пас додситонӣ ҳам аз ҳамон қоидаи нонавиштаи фарзи гуноҳ кор гирифтааст ва бидуни ҳеҷ ташхисе мутмаъин будааст, ки Далер Шарипов гунаҳкор аст. 

Аммо дар изҳороташ Додситонии кулл эълон кард,  “тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, рисола (“Муҳаммад(с) ва терроризм) дар ҳошияи консепсияи ҷараёни “Ихвон-ул-муслимин” (“Бародарони мусулмон”), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд.”   

Яъне инҷо додситонӣ даъво дорад, ки дар камтар аз 24 соати корӣ (чун Далер бегоҳи 28 яанвар боздошт ва баёния субҳи 1 феврал нашр шуд) тавониста комиссиюн ташкил дода, бо ширкати коршиносон рисолаи Далерро таҳқиқ кардааст. Даъвое, ки бисёр дур аз мантиқ менамояд.

Аммо ҷустани мантиқ дар баёнияи Додситонии кулл чандон тӯл накашид. Ду рӯз пас, Маркази исломӣ эълон кард, ки рисолаи Далер Шариповро таҳқиқ накардааст. 

Нуқтаи раиси Додгоҳи Олӣ ба баҳс

Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба ин баҳс нуқта гузошт ва собит кард, ки қоидаи асосии додгоҳиву тафтишотӣ дар Тоҷикистон фарзи гуноҳ аст. 

Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти хабариаш гуфт “Далер Шарипов бояд бегуноҳиашро собит кунад”. Яъне на тафтишот ва додгоҳ бояд собит кунанд, ки Далер гунашкор аст, балки ӯ зотан гуанҳкор аст ва барои он ки озод шавад, бояд собит созад, ки гунаҳкор нест. 

Ба асл табдил ёфтани қоидаи фарзи гуноҳ дар Тоҷикистонро метавон аз маълумоти дигаре, ки Додгоҳи Олӣ дар нишасти хабарӣ ироа кард, хулоса намуд. Тибқи иттилоъи ин ниҳод аз 11 000 нафаре, ки парвандаашон ба додгоҳ ирсол шудааст, танҳо 10 нафар(!) сафед ва озод шудаанд. Яъне камтар аз 0,1%! Аз ин нафар 8 нафарашон онҳое будаанд, ки ба расонидани зарари сабуки ҷисмонӣ муттаҳам мешудаанд. Яъне занозанӣ кардаанд. 

Чаро чунин аст? Зеро ҳама мақомот – интизомӣ, амниятӣ, тафтишотӣ ва додгоҳӣ мутмаъинанд, ки ҳар нафар гунаҳкор аст. Бинобар ин бидуни ҳеҷ мулоҳизае 99,9 дарсадро гунаҳкор эълон ва ба паси панҷараҳо мефиристанд. 

Ҳамин қоидаи фарзи гуноҳро мақомот беибо алайҳи мухолифон ва умуман ҳамаи онҳое, ки дар хориҷ қарор доранд истифода мекунанд. Мақомот бо онҳо тамос мегиранд ва мегӯянд, ки қонуни афв қабул шудааст бояд баргарданд. Вақте пурсида мешавад, ки қонуни афв ба ман ва баргаштанам чӣ дахл дорад ва ба чӣ гуноҳ муттаҳам мешудам, посухи ҳамаи онҳо яксон аст: биё ва бегуноҳиатро собит куну баргард.   

Тибқи ин қоидаи вазъкардаи мақомот, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон (албатта ғайр аз “пешво”, хонаводааш ва афроди наздик ба онҳо), гунаҳкор ҳисобида мешавад, то замоне, ки бегуноҳиашро собит кунад ё бо маблағи калон бихарад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *