Дар сарҳади вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Узбекистон маркази тиҷоративу логистикӣ бунёд мегардад.
Ҳайати вилояти Суғд бо раҳбарии раиси ин вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз 13 март ба вилояти Фарғонаи Узбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» ширкат кардд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намуданд.
Гуфтанист, Маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯкони савдо, бонк, ошхона, қаҳвахона, меҳмонхона ва маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд. Бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешавад.