Рубрики Хабарҳо

На дину на дунё

Чанд рӯз пеш рӯҳонии як замон маъруф дар Тоҷикистон Сироҷиддин Абдураҳмонов, мулаққаб ба Эшони Сироҷиддин дубора боздошт шуд. Ҳанӯз маълум нест чӣ ниҳоде ӯро боздошт кардааст, аммо қарори додгоҳ дар бораи боздошташ содир гардидааст. 

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 12 ноябр аз боздошти Эшони Сироҷиддин ҳамроҳ бо чанд шогирдаш хабар доданд. Дертар расонаҳо навиштанд, ки Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ин рӯҳонии маъруф изҳори бехабарӣ кардааст. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам то ҳанӯз сокитанд.

Маълум нест Эшони Сироҷиддин бо чӣ иттиҳоме боздошт шудааст. Рӯзе ҳатман айби ӯро эълон хоҳанд кард ва шояд худаш ҳам назди наворбардор ҳозир шаваду ба кадом ҷинояте иқрор кунад. Дигар муҳим нест сабаби боздошташ чист. Суоли аслӣ ин аст, ки чаро рӯҳоние, ки 7 соли охир кораш танҳо ҳимоят аз режими Эмомалӣ Раҳмон буд, аз тарафи ҳамин режим боздошт шудааст? 

Қабл аз боздошташ дар соли 2009, Эшони Сироҷиддин бо оштинопазирӣ ва тундгӯиҳояш маъруф буд ва яке аз сабабҳои касби маъруфияташ ҳам ҳамин гуфта мешавад. Аммо баъди раҳоияш аз зиндон ин рӯҳонӣ, ки қаблан аз амалкардҳои зиддидинии ҳукумат шадидан интиқод мекард, якбора ба мубаллиғи динии сиёсатҳои ҳукумат табдил ёфт. Ҳукумат дар ҳар баҳси диние, ки дар шабакаҳо пайдо мешуданд ва ӯ истифода мекард ва фатвояшро мегирифт.  

Дар гумон аст, нафаре, ки ба хотири раҳоӣ аз таъқибу фишору зиндон  аз принсипҳои диниаш даст кашид, ба ҷинояте даст занад, ки боиси боздошти дуборааш шавад. Фарзияи аслӣ ин аст, ки миссияи Эшони Сироҷиддин ба охир расид ва мубаллиғе мисли ӯ дигар ба режим лозим нест. Ҳоло рӯҳониён дар кишвар танҳо барои таблиғи сиёсатҳои режим истифода мешаванд ва ҳар нафаре аз онҳо, ки дархӯри ин миссия нест, ё дар зиндон аст ва ё аз кишвар фирор кардааст. Гузинаи саввум вуҷуд надорад, ба истиснои чанд нафари хеле маъруф, ки боздошташон метавонад сабаби шурӯъи нооромиҳо шавад.

Ин раванду ин анъана беш аз даҳ сол аст, ки дар кишвар идома дорад, аммо барои аксарияти рӯҳониён дарс нагардид. Онҳо ҳамон гунае, ки 10 сол пеш ба ин дом меафтоданд, то ҳол ихтиёран ба самти он мераванд ва ҳам дину ҳам дунёяшонро хароб мекунанд. 

Қабл аз ҳама ҳукумат барои ин ҳадаф аз “Ҷамоъати таблиғ” истифода кард. Ин ҷамоъат ба адами ширкати мусалмонон дар сиёсат таблиғ мекард ва он замон, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар кишвар пойгоҳи мустаҳкаме байни мардум дошт, чунин таблиғ ба нафъи ҳукумат буд. Ҷамоъатиҳо, ки ба найранги режим пай намебурданд, аз ҳукумат ва озодии динии барояшон фароҳамшуда ситоиш мекарданд. Вале чун режим дид, ки ҳатто таблиғоти зиддисиёсии ин ҷамоъат билохира ба нафъи рақиби аслии сиёсиаш тамом мешавад, фаъолияти ҷамоъатро манъ кард. Қисме аз аъзои он ба зиндон рафтанд ва қисми дигар маҷбур ба фирор аз кишвар шуданд. Шикори ҳукумат аз онҳо то ҳол идома дорад.

Баъди “Ҷамоъати таблиғ” навбати салафиҳо расид. Бо вуҷуди ин ки салафиҳо демокросӣ, парлумон, сарқонун ва ғайрара “низоми куфр” мехонанд, ҳукумат тавоанист аз онҳо низ алайҳи мухолифин истифода кунад. Ба онҳо иҷоза дода шуд аз “нишоми куфр” танҳо ширкати ҳизби исломӣ дар онро баррасӣ кунанд. Дар натиҷа тамоми фаъолияти салафиҳо ба мубориза алайҳи ҲНИТ равона гардид ва онҳо “куфр будан”-и демокросӣ, парлумон ва ғайраро барои муддате “фаромӯш карданд”. Баъди анҷоми “маъмурият”-аш ин ҷамоъат ҳам экстремистӣ эълон ва фаолияташ мамнӯъ гардид. То ҳол солона садҳо нафар бо иттиҳомӣ салафӣ будан боздошт ва равонаи зиндон мегарданд.

Бахше аз ин ҷамоъат, ки “мадхалӣ” гуфта мешавад, баръакс, раисҷумҳурҳоро “амирулмуъминин” мехонад ва итоат ба онҳоро аз воҷибот медонад. Аммо на режими Тоҷикистон ва на режимҳои дигари диктотурӣ ҳатто ба онҳо ҳам раҳм накарданд. Ҳамаи мадхалиҳои кишвар ҳам ё зиндониянд ва ё фирорӣ. Дар Қазоқистон, ки ин равия пайравоне зиёде дошт, ҳазорон нафар боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Аз аҷобатҳои ин ҷамоъат ин аст, ки ҳатто дар зиндону ҳиҷрат низ аз диктотурҳо дифоъ мекунанд ва ба ҳамон назарашон, ки бояд аз “пешво” итоат кард, содиқанд. Ду рӯз қабл яке аз мубаллиғони ин ҷамоъят бо номи Искандар, ки бо дархости Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ боздошт шуду буд, ба Тоҷикистон оварда ва ҳамроҳ бо ҳамсараш боздошт шуд. Раҳбари ин ҷамъоат, ки ҳам диктотурҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам малик Салмонро пешвои мусалмонон мехонд, чанд сол аст дар зиндони Арабистон ба сар мебарад. 

Баъди салафиҳо навбат ба имомони масоҷид расид. Аввал ба онҳо шарт монданд, ки агар мехоҳанд минбарҳояшонро ҳифз кунанд, бояд алайҳи мухолифин баромад намоянд. Сипас шартҳо сахттар шуданд: аввал талаб карданд бояд ҳамон мавзӯъе дар минбар садо диҳад, ки Кумитаи дин муайян мекунад, сипас бо мухолифат ба қонуни қабулкардаашон мабнӣ ба ғайрисиёсӣ будани масоҷид, аз имомҳо талаб карда шуд, ки сиёсатҳои ҳукуматро таблиғ намоянд. 

Бо вуҷуди ҳамаи ин сар аз соли 2016 то имрӯз садҳо имоми масоҷид боздошт ва зиндонӣ гаштанд. На тохтанҳояшон алайҳи мухолифин, на итоати бечунучарояшон ба Кумитаи дин, ки аз тарафи муовини собиқи Саймумин Ятимов идора мешавад, на табдил додани минбарҳо ба дастгоҳи таблиғотии ҳуқумат кӯмакшон накард. 

Ҳоло яке аз сарсахттарин мубаллиғони ин режим — Эшони Сироҷиддин барои бори дуввум боздошт шудааст ва имкони зиёд вуҷуд дорад, ки дубора равонаи зиндон гардад. 

Гуфта мешавад ҳамроҳ бо Эшон чанд шогирдаш низ дар боздоштгоҳ қарор доранд, ки байнашон як блогер ҳам ҳаст. Тибқи тахминҳо ин блогер муассиси саҳифаи “Садои Умед” аст, ки аз мубаллиғони дигари режим маҳсуб мешуд ва бештари таблиғоти Эшони Сироҷиддин низ тавассути саҳифаи ӯ нашр мегардид. 

Эшони Сироҷиддин соли 2009 ҳамроҳ бо писараш ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд ва моҳи июни соли 2013 бо авф озод шуд. 

Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъаш дар низоми додгоҳӣ навиштааст, қарори ҳабси Сироҷиддин Абдураҳмонов аз сӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аллакай содир шудааст. Манбаъ гуфтааст, ки «қазияи онҳо махфӣ аст ва ба ин хотир ҳеч шарҳе дода намешавад. Онҳоро оварданд ва қарори ҳабси пешакиашонро гирифта, бурданд.”

Ҳукумат барои забонкӯтаҳ кардану сипас истифода бурдани рӯҳониён ва фаъолону сиёсатмадорон аз роҳҳои зиёде, аз ҷумла роҳҳои ғайриқонуниву номардонаву ғайриинсонии даҳшатовар истифода мекунад. Бинобар ин намешавад онҳоеро, ки баъди боздошт ё зиндон шудан тағйири мавзеъ карданд маҳкум кард. Аммо онҳое ҳам ҳастанд ва шуморашон мутаассифона хеле зиёд аст, ки танҳо ба хотири ҳифзи минбари масҷид динашонро ба савдо гузоштанд. Дар натиҷа на танҳо натавонистанд минбарашонро ҳифз кунанд, балки барои ҳамеша обрӯву мавқеъеро, ки байни мардум доштанд, аз даст доданд. Аз мулову эшону ҳазрату шайхи бологузар ва ҳарфашон ҳамеша таъсиргузор, ба лаганбардору чоплус ва бархеҳо ҳатто хабаркашу ҷосус табдил ёфтанд. 

Дунёяшон комилан хароб шуд. Охираташон чӣ шуда бошад?

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *