Рубрики Хабарҳо

Мирзиёев сари чамбарак сифати роҳро тафтиш кард. Раҳмон танҳо роҳи шаҳрҳоро дидааст

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шахсан паси чамбараки мошин нишаст ва сифати роҳҳо дар вилояти Сурхондарёро тафтиш кард.

Мирзиёев ин корро аз паи шикоятҳои шаҳрвандон дар бораи сифати роҳҳо дар масири Бойсун-Деҳнав кардааст.

Дар ин бора дар канали телеграмияш Шерзод Асадов, сухангуи раисҷумҳури Узбекистон иттилоъ додааст.

Дар наворе, ки нашр шудааст, раисҷумҳури Узбекистон ҳамроҳ бо ҳокими Сурхондарё Улуғбек Қосимов  «Малибу»-и сафедро .

Мирзиёев ҳангоми рондани мошин мегуяд, «шумо ба касоне бовар мекунед, аммо онҳо дурӯғ мегӯянд. Мегӯянд, ки ҳамааш хуб аст, камбудиро пинҳон мекунанд. Дар ин ҷо мо худамон дида истодаем, ки бо ин роҳ ҳаракат кардан мумкин нест. Роҳ хароб аст».

Гуфта мешавад,Сарвари давлати Узбакистон ба Қосимов бо ҳамроҳии раиси Кумитаи роҳҳои автомобилгард Абдураҳмон Абдувалиев дастур дод, ки дар муддати 15 рӯз бо назардошти афкори ҷомеа лоиҳаи роҳҳои замонавӣ ва баландсифатро таҳия кунанд.

Шахсан тафтиш кардани сифати роҳ аз ҷониби раисҷумҳури Узбекистон дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо вуҷуди шикоятҳои зиёди аҳолӣ аз харобии роҳҳо, ҳамеша дар сафарҳояш аз чархбол истифода мекунад. Боре ҳам дар сафарҳояш ба ноҳияҳо аз роҳи заминӣ истифода накардааст. Танҳо роҳҳое, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар тӯли ҳокимияти 30-соалааш дидааст, роҳи шаҳрҳо ва он фосилаи кӯтоҳи роҳҳои марокизи ноҳияҳо аст, ки пеш аз омаданаш чандсад метр мумфарш мекунанд.

Бархе роҳҳои Тоҷикистон он қадар харобанд, ки агар қаблан дар як соат паймуда мешуданд, ҳоло 3-4 соат тӯл мекашанд. Барои мисол, Раҳмон метавонад савори дилхоҳ ҷипаш дар роҳи Хуҷанд-Ашт ҳаракат кунад ва бо чашмони худаш бубинад, ки як нуқтаи «биҳишти рӯи замин» бо маркази вилоятро роҳе аз дӯзах мепайвандад.

Роҳи Хуҷанд-Ашт солҳои 70-уми асри гузашта таъмири куллӣ шудааст ва аз он замон, яъне ҳудуди 50 сол танҳо «дарбеҳ мешавад. Амо ҳоло он қадар хароб шудааст, ки ҳеҷ дарбеҳе дигар кӯмак намекунад. Ин гуна роҳҳо дар бештари ноҳияҳои дурафтодаи кишвар ба чашм мехӯранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *