Categories Хабарҳо

Як зани ҷабрдида аз ВКД ҷуброн гирифтааст

Элобат Оғалиқова, сокини ноҳияи Спитамен, ки ба хотири либосаш ба ҷашни расмии ваҳдат дар ноҳия роҳ наёфт ва бар замми ин  милисаҳо латукӯб карда буданд, аз мақомот ҷуброн руёнид. 

Ин сокини ноҳияи Спитамен ба расонаҳо гуфта, ки “Ҳайдар Шарифзода, муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ, барои дору ва сӯзандору ёрӣ кард. 2,5 ҳазор сомонӣ дод. Лекин ягон нафар омада, бахшиш напурсид ва нагуфт, ки мо хато кардем.

Ба иттилои Радиои Озодӣ мақомот шиканҷа шудани занро рад намудаанд. Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд гуфтаанд, нисбати зан бар асоси қисми якуми моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне “итоат накардан ба амри корманди милиса, ки ҳифзи тартиботро таъмин менамояд” санад тартиб доданд. Ин модда аз 5 то 15 шабонарӯз ҳабс ё тақрибан 200 сомонӣ ҷарима дорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27-уми июн, ба ҷашни иди Ваҳдат бо либоси мотамӣ омадӣ гуфта Элобат Оғалиқоваро ба ҷашнгоҳ роҳ надода буданд. 

Гуфтанист, маъракаҳои давлатӣ одатан бо даъвати намояндагони ҳукумат баргузор шуда, на ҳама ба онҳо роҳ дода мешаванд. Мақомот инро бахше аз чораҳои амниятӣ медонанд. Шаҳрвандони ҷудогона на танҳо ба қасрҳои фарҳанг, ҳатто гоҳе ба ҷашнҳои ба ном оммавӣ дар майдон ё варзишгоҳҳо низ роҳ дода намешаванд.

Гирифтан ҷуброн аз мақомот низ барои шаҳрвандони зарардида бисёр кам иттифоқ меафтад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *