Рубрики Хабарҳо

Худкушии як корманди давлатӣ дар Панҷакент

Асад Мардонови 44 сола, иқтисоддони Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Панҷакент пас аз санҷиш ва бозпурсии маъмурони Идораи мубориза бо фасод худкушӣ кардааст.  Ӯро 11-уми январ дафн карданд.

Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода навишт, ки Мардонов ба касе чизе нагуфтааст ва сабаби худкушияш дақиқ нест. Маъмурони Идораи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ҳам то ҳол қазияи бозпурсиро шарҳ надодаанд.

Аммо бино ба маълумоти дарёфтӣ тафтиши маъмурони Идораи мубориза бо фасод дар Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа «дар пайи шикояти шахси номаълум» шуруъ шудааст. Асад Мардонов пештар дар идораи «Агропром»-и шаҳри Панҷакент кор мекард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *