Рубрики Хабарҳо

Саймумин Ятимов ба истеъфо рафт?

Хабаргузории Pamirdailynews бо такя ба манобеъаш дар Душанбе ва Хоруғ хабар дод, субҳи имрӯз 18 феврал сару садоҳо дар миёни мақомот паҳн шудааст, ки гӯё раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал Саймумин Ятимовро бо як «истеъфои нарм» барканор кардааст. 

Гуфта мешавад, ки Саймумин Ятимов аллакай оҳиста-оҳиста корҳоро ба дасти муовини якумаш (ҳоло дар ВМКБ аст) месупорад. 

Аз манобеъи муътамад то ҳол ин овозаҳо тасдиқ ё рад нашудааст.

Ятимов Саймумин Сатторович — сиёсатмадор ва дипломати тоҷик. Аз соли 2010 Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дорои рутбаи Генерал-полковник мебошад.  Собиқ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори фахрии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.

Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ Саймумин Ятимовро сабабгори асосии интригаҳои ба миёномада дар Тоҷикистон медонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *