Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки таҳримҳои ҷадид алайҳи Эронро то 48 соати оянда эълом хоҳад кард.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар фурудгоҳи байналмилалии Лос-анҷелес изҳор дошт: Мо алайҳи Эрон таҳримҳои бисёр муҳимме вазъ хоҳем кард. Ин таҳримҳои ҷадидро зарфи 48 соати оянда эълом хоҳем кард.
Вай дар посух ба савол дар бораи эҳтимоли мудохилаи низомии Амрико дар Эрон дар чорчуби ин таҳримҳои ҷадид низ гуфт: Хоҳем дид, ки чӣ иттифоқе меафтад. Ҳар чӣ лозим бошад бидуни тардид анҷом хоҳем дод.
Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин афзуд: Мудохилаи низомӣ дар Эрон охирин гузинаи мо аст. Аммо бар рӯй миз гузинаҳои дигар ҳам вуҷуд дорад.