Рубрики Хабарҳо

HRW: Додгоҳи Абдуллоҳи Шамсиддин имкон дорад имрӯз баргузор шавад

Як масъули баландпояи созмони Дидабони ҳуқуқи башар бо истинод ба манобеъаш дар Душанбе иттилоъ додааст, ки имкон дорад имрӯз, 28 март мурофиъаи додгоҳии Абдуллоҳи Шамсиддин дар Душанбе баргузор шавад. 

Раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказии созмони Human Rights Watch (HRW) ё Дидабони ҳуқуқи башар Ҳю Виллямсон дар саҳифаи твиттериаш дар ин бора хабар дода, навиштааст, ки «HRW маълумоте дарёфт кард, ки 28 март метавонад мурофиъаи додгоҳии Абдуллоҳи Шамсиддин, фаъоли сиёсие, ки чанде қабл аз Олмон ихроҷ шуда буд, баргузор гардад.” 

Гуфтанист, Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18 январ аз сӯи пулиси Олмон боздошт ва истирдод шуд. Сабаби истирдоди ӯ камбуд дар ҳуҷҷатҳои иқоматаш гуфта мешавад. Абдуллоҳ баробари ворид шуданаш ба Душанбе нопадид гашт ва то ҳол мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ иттилоъе дар бораи ӯ надодаанд. Вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ва Додситони кулл Юсуф Раҳмон дар нишасти солонаи матбуотиашон гуфтанд, ки ҳеҷ иттилоъе аз Абдуллоҳ надоранд.

Рӯзи 7 март ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин гуфт, ки  ӯ аз худ дарак додааст ва дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад.

Ҳю Виллямсон дар идомаи твитташ навиштааст “бо дарназардошти ин ки (дар Тоҷикистон) низоми мустақили додгоҳӣ вуҷуд надорад, аз нозирони байналмиллалӣ даъват мекунам дар мурофиа ширкат кунанд”.

Баъди истирдоди Абдуллоҳи Шамсиддин фаъолони олмонӣ, тоҷикони муқими Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо ва ҳамчунин ҳамкорони собиқи ӯ чандин тазоҳурот баргузор карда, аз мақомоти Олмон талаб карданд Абдуллоҳро ба назди ҳамсару фарзандонаш, ки дар Аврупо қарор доранд, баргардонад.

Охирин тазоҳурот бо дархости озодӣ ва баргардонидани Аврупо рӯзҳои 24 то 27 март дар Белин баргузор гардид. Рӯзи 25 март дар бузургтарини он, ки ҳамчунин дар вокуниш ба сафари Раҳмон ба Аврупо ташкил шуда буд, беш аз 100 нафар ширкат карданд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *