Рубрики Хабарҳо

Як даъватгари тоҷик дар Украина боздошт шуд (Навор)

Як даъватгари тоҷик бо номи Эшони Абдулқодир, ки чанде пеш вориди Украина шуда буд, бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Харков боздошт шудааст. Тибқи иттилоъи манбаъ, ӯ ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад ва имкони истирдодаш бузург аст.

Як манбаъ гуфт, ки Эшони Абдуқодир қории Қуръон буда, қаблан дар Арабистони Саудӣ ба сар мебурд ва баъди афзоиши фишори мақомоти ин кишвар ба тоҷикон бо дархости мақомоти Тоҷикистон, ин кишварро тарк карда ба Украина рафт.

Даъватҳои Эшони Абдуқодир бештар иҷтимоӣ буда, ба масоили сиёсӣ аслан дахолат намекард.

Ҳангоми ворид шуданаш ба ин кишвар мақомоти Украина ҳеҷ мухолифате нишон надоданд ва номаш ҳам дар листи ҷустуҷӯ қарор надошт.

Бинобар вуҷуди шиканҷа, додгоҳи аврупоӣ истирдод ба Тоҷикистонро ман кардааст ва мақомоти украинӣ то ин замон ин қарори додгоҳро риоя мекарданд. Қаблан ҳам бо дархости Тоҷикистон чанд нафар дар Украина боздошт шуда буданд, аммо баъди дахолати созмонҳои ҳуқуқи башар, озод гардиданд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *