Аз моҳи май ворид шудани наздикону пайвандони мусофирон ба минтақаҳои гусел ва пешвози мусофирон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе манъ гардид.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии фурудгоҳ, ин тасмим бо мақсади таъмини амнияти парвозҳо, тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи меъёрҳои беҳдоштӣ қабул шудааст.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки барои шахсоне, ки бо мусофирони имконияташон маҳдуд, беморон ё кӯдакони ноболиғ ҳамроҳанд, иҷозаи махсус барои воридшавӣ пешбинӣ шудааст.
Масъулини фурудгоҳ хабар доданд, ки минтақаҳои махсуси интизорӣ барои гуселу пешвози мусофирон дар назар дошта шудаанд. Айни ҳол муҳлати анҷоми сохтмони ин минтақаҳо муайян нест.
Фурудгоҳи Душанбе аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки тартиботи навро риоя кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube