Рубрики Хабарҳо

“Пешво” вориди Суғд шуд ва қайчияш ба кор шурӯъ кард

Субҳи имрӯз 29 март раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди Суғд шуд ва қайчияш ҳам билофосила ба кор шурӯъ намуд. Дар аввалин соатҳои сафараш қайчии “пуркор”-и ӯ лентаи ду корхонаи паррандапарварӣ дар Гулистонро, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст, бурид. 

Дафтари матбуотии раисҷумҳур ҳадафи сафари “пешво”-ро “иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи якчанд иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ” номидааст.

Буридани лента аз дӯстдоштатарин корҳои Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аксари вақт то ифрот мерасад ва ӯ гоҳо ба лентаи кадом синфхонаи таъмиршуда дар мактаб ва ё сартарошхона низ қайчӣ мезанад.

Мисли ҳамеша ба пешвори Раҳмон дар фурӯдгоҳи Хуҷанд духтарони наврасро бароварданд ва онҳо ӯро бо шеъру тарона пешвоз гирифтанд. Дафтари матбуотии раисҷумҳур менависад “гурӯҳи ҷавонон, аҳли фарҳанг ва духтарони атласу адраспӯш бо иҷрои суннатҳои Наврӯзи аҷдодӣ шукргузории хешро аз сулҳу ваҳдати миллӣ, фазои ободу шукуфоӣ тараннум ва ифтихору сарбаландии хешро аз ташаббусҳо ва эътирофи Пешвои миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ифода намуданд”.

“Эътирофи Пешвои миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ” ба шиорҳои тамаллуқии мансабдорони маҳаллӣ дар солҳои охир табдил шудааст. Худи раисҷумҳур ва дастгоҳи таблиғотиву дипломатии ӯ низ мекӯшанд бо ҳар қимате чунин “эътироф”-ро ба мардум нишон диҳанд. Ба ҳамин хотир аз сафари ӯ ба конфронси об дар Ню Йорк ҳангома сохтанд ва онро низ аз “эътирофи “пешво” дар сатҳи баланди ҷомеъаи ҷаҳонӣ” номиданд.

Қарор буд Раҳмон ба се кишвари аврупоӣ барои ширкат дар бизнес-форумҳо низ сафар кунад, аммо лағв шуд. 

Мухолифин дар эътироз ба сафари Раҳмон дар Олмон тазоҳурот барпо карданд. Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи аҳзоби мухолиф Муҳиддин Кабирӣ зимни суханронӣ дар гирдиҳамоии мухолифин гуфт дар ду рӯзи охир аз чанд мақоми аврупоӣ посух ба номаҳои эътирозии ПМТ расидааст, ки гуфта шуда ҳеҷ ниҳоди расмие Раҳмонро ба Аврупо даъват накардааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *