Кобинаи Арабистони саудӣ пешниҳоди пайвастан ба Созмони ҳамкории Шанхай тасвиб кард ва бад-ин тартиб гоми нахустро барои ҳамкорӣ бо ин созмон бардошт. Риёз бо вуҷуди нигарониҳои амниятии Амрико, ба думболи барқарории робитаи мустаҳкам ва дарозмуддат бо Чин аст.
Акнун дар таҳаввули тоза, хабаргузории давлатии Арабистон дар гузорише эълом кард кобинаи ин кишвар дар мувофиқатномае ҳузур дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба унвони кишвари тарафи гуфтугӯро тасвиб кард.
Созмони Шанхай як Иттиҳодияи сиёсӣ ва амниятӣ аз кишварҳое аз ҷумла Чин, Ҳинд ва Русия аст. Нозирони Созмони ҳамкории Шанхай бо ҳузури кишварҳои Шӯравии собиқ дар Осиёи Марказиро ҳамчун кӯшиши пешгирӣ аз нуфузи Ғарб дар минтақа тавсиф мекунанд
Ҳукумати Эрон низ соли гузашта аснодеро барои узвияти комил ва доим имзо кард. Эрон узви нозир буд ва дархости қаблии ин кишвар барои узвияти доим рад шуда буд.
Пештар Русия, Чин, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳинд ва Покистон аз аъзои аслии ин Созмон буданд.
Акнун манобеъ ба Рейтерз гуфтаанд, ки пайвастани Арабистон ба Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷараёни сафари Си Ҷинпин раисҷумҳури Чин ба Риёз дар декабри соли гузашта мавриди баҳс қарор гирифт.
Манобеъ гуфтаанд, ки “тарафи гуфтугӯ” аввалин гом аст, ки баъдан метавонад ба додани узвияти комил ба Арабистон боис шавад. Иттифоқе, ки гумон меравад дар миёнамуддат рух хоҳад дод.
Тасмими кобинаи Чин як рӯз пас аз он эълом мешавад, ки Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин дар тамоси телефонӣ бо Муҳаммад ибни Салмон валиаҳд ва нахуствазири Арабистон бар сари бастае аз масоил гуфтугӯ карданд.
Ин тасмим ба думболи эъломияи “Арамко”-и Арабистон дар рӯзи сешанбе мунташир мешавад, ки аз сармоягузории чандмиллиарддолларӣ дар Чин хабар медод.
Дирӯз низ “Арамко”, ширкати азими энергии Арабистони саудӣ аз барномаи худ барои сармоягузории чандмиллиарддолларӣ дар Чин ва хариди 10 дарсад саҳмияҳои як ширкати хусусии петрошимии ин кишвар хабар дода буд. Муҳаммад Қаҳтонӣ, муовини Арамко ба хабаргузории Фаронса гуфт, ки ин тарҳ нишонае бар “тааҳҳуди дарозмуддат”-и ширкати азими энержии Арабистон ба Чин аст.
Равобити рӯ ба рушди Риёз бо Пекин нигарониҳои амниятиро дар Вашингтон доман задааст. Ба вижа он ки Эрон ва Арабистон даҳуми март барои аз саргирии равобит тавофуқ карданд. Ин тавофуқи ғайри мунтазира пас аз ҳафт соли қатъи иртиботи Риёзу Теҳрон бо миёнҷигарии Чин ба даст омад.
Арабистон муттаҳиди суннатии Амрико дар минтақа шинохта мешавад.
Ҳамзамон Вашингтон эълом кард, ки талошҳои Чин барои эъмоли нуфуз дар саросари ҷаҳон, сиёсати Амрико дар қиболи Ховари Миёнаро тағйир нахоҳад дод.
То кунун Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс аз хурӯҷи Амрико аз минтақа ба унвони кишваре, ки зомини аслии амният мешумориданд, ибрози нигаронӣ карда буданд.
Бархе нозирон мӯътақиданд ин кишварҳо ба думболи шарикони тозае дар минтақа ҳастанд. Ҳарчанд Вашингтон мегӯяд дар минтақа фаъол боқӣ хоҳад монд.