Рубрики Хабарҳо

Рӯҳонӣ: Похуси мо ба музокира таҳти таҳрим “на” аст

Раисҷумҳури Эрон тайи суханоне дар маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид гуфт ки похуси Теҳрон ба музокира таҳти таҳрим, “на” аст ва танҳо роҳ барои гуфтугӯ, бозгашт ба таъаҳҳудот аст.

Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон тайи суханоне дар ҳафтоду чаҳорумин маҷмаъи умумии Созмони милал бо баёни ин ки Амрико талош карда Эронро аз ҳузур дар бозори ҷаҳонӣ маҳрум кунад, эълом кард: Наметавонем бо касоне ки сахттарин таҳримҳои таърихро ба мо эъмол мекунанд, музокира кунем. 

Вай афзуд: Ман бо намояндагӣ аз миллат ва кишварам эълом мекунам, ки похуси мо ба музокираи таҳти таҳрим, “на” мебошад, гуфт, ки Эрон ҳаргиз бо душмане ки мехоҳад бо силоҳи фақр, фишор ва таҳрим Эронро ба тасмим водорад, музокира нахоҳад кард.Танҳо роҳ барои гуфтугӯ, бозгашт ба таъаҳҳудот аст.

Раисҷумҳурии Эрон тасреҳ кард: ”Ховари Миёна дар оташи  ҷанг, хунрезӣ, ишғолгароӣ, таъасуботи мазҳабӣ ва фирқаӣ месӯзад ва бузургтарин қурбонии он низ Фаластин аст. Тарҳҳои амрикоӣ-саҳюнистӣ монанди “муъомилаи қарн” ва таъини Қудс ба унвони пойтахти Исроил ва илҳоқи Ҷавлон қатъан маҳкум ба шикаст аст. Кӯмакҳои Эрон бар акси Амрико дар ҳавзаи таъмини амният ва муқобила бо терроризм бисёр таъиинкунанада будааст. Намунаи бурзуи он ҳамкорӣ бо Туркия ва Руссия дар чорчӯбаи раванди Остона дар мавриди бӯҳрони Сурия аст.”  

Вай дар бахши дигар аз суханони худ гуфт: ”Давлати кунунии Амрико на танҳо қатъномаҳоро нақз карда аст, балки бо ҳокимиятҳо ва истиқлоли сиёсии кулли кишварҳои ҷаҳон таҷовуз кардааст. Эрон аълорағми хуруҷи Амрико ба муддати яксол ба БарҶОМ вафодор будааст. 

Руҳонӣ таъкид кард: ”Агар нисбат ба исми БарҶОМ ҳасосият доред ба рамси он бозгардед ва лоақал ба чорчӯбаи 2231-и Шурои амният мутааҳҳид шавед.Таҳримҳоро мутаваффуқ кунед, то роҳи гуфтугӯ боз шавад. Ҳанӯз ба БарҶОМ побандем, аммо сабри Эрон низ ҳадде дорад. Вақте ки Амрико ва Аврупо ба он аҳамият намедиҳанд, танҳо роҳи руҷӯъ ба иқтидор ва ғурури миллии худамон аст.  Аз Аврупо низ фақат ҳарфҳои зебо шунидем ва иқдоми амалӣ надидем.”

Вай ҳамчунин бо баёни ин ки “доктринаи амниятии Эрон,ҳифзи сулҳ дар Халиҷ ва амнияти киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз аст”,изҳор дошт: ”Ҳаводиси ахир ин амниятро ба шакли ҷудое дар хатар қарор додааст. Ҳамаро ба этилофи умед ва ибтикори сулҳи Ҳурмуз даъват мекунем. Амнияти минтақаи мо бо хурӯҷи низомиёни Амрико тамин мешавад.Амрико пас аз 18 сол натавонист иқдомоти терористиро коҳиш диҳад.”

Раисҷумҳури Эрон дар идомаи суханони худ бо ишора ба вазъияти иқтисодии кунинии кишвараш гуфт: ”Мо дар Эрон, ба рағми ҳама сангандозиҳои давлати Амрико, ба ҳаракат дар масири рушд ва созандагии иқтисод ва ҷомеъаи Эрон идома додаем ва медиҳем. Иқдомоти Эрон дар дар соли 2017, болотарин нархи рушти иқтисодӣ дар ҷаҳонро ҳамроҳ бо коҳиши мустамари нархи таваррум таҷруба кард ва имрӯз хам, аълорағми илтиҳоботи ношӣ аз аъвомили хориҷӣ дар якуним сол гузашта, бори дигар ба масири рушд ва субот бозгаштааст. Рушди тавлиди нохолиси дохилии Эрон, бидуни нафт моҳхои ахир муҷададан мусбат шуда ва тироз тиҷории кишвар ҳамчунон мусбат аст. Ташкили ҳар гуна этилофи амниятӣ таҳти ҳар унвон дар минтақа, меҳварият ва фармондеҳии нерӯҳои хориҷӣ, мисдоқи боризи мудохила дар умури манотиқ аст. Руйкарди амниятсозии дарёнавардӣ дар таноқуз бо ҳаққи дарёнавардии озод ва ҳаққи тавсиъа ва боиси ташдиди таниш печидатар шудани шароит аст ва салоҳи амният ва суботи манотиқро таҳдид менамояд.

Вай дар бахши дигаре аз суханонаш замни интиқод аз Иёлоти муттаҳида изҳор дошт: ”Амрико вакили ҳеҷ миллате ва кафили ҳеҷ давлате нест. Ҳеҷ давлате ба давлати дигар ваколат намедиҳад ва кафолати хешро ба дигаре намесупорад. Агар имрӯз шуълаҳои оташи Яман то Ҳиҷоз ҳам забона кашидааст, бояд оташафрӯзро ҷуст ва танбеҳ кард, на ин ки бегуноҳонро омоҷи тӯҳматҳо ва кинояҳо қарор дод. Амнияти Арабистон бо поён додани таҷавуз ба Яман ҳосил мешавад, на бо даъват аз бегуноҳон. Мо ҳозирем барои салоҳи ҳама тавони миллӣ ва эътибори манотиқӣ ва иқтидори байналмилалии хеш моя бигузорем. Роҳи ҳали салоҳ дар ҷазираҳои араб, амният дар Хариҷи Форс ва субот дар Ховари Миёнаро бояд дар даруни Ховари Миёна ҷустуҷӯ кард ва на дар беруни он. Масоили минтақаи мо бузургтар аз он аст, ки Амрико аз ӯҳдаи он барояд. Давлате ки натавонист масъалаи Афғонистон, Ироқ ва Сурияро ҳал кунад ва бонии ифротгарӣ, толибонгарӣ ва доишгарӣ  будааст, ҳаргиз қодир ба ҳали маъзулоти печидатари имрӯз нахоҳад буд.”

Раисҷумҳури Эрон дар поёни суханронии худ гуфт:” Биёед ба ҷои сармоягузорӣ дар ҷанг ва хушунат, бар рӯи умед ба як ояндаи беҳтар сармоягузорӣ кунем. Ба адолат баргардем, ба салоҳ, ба қонун, ба аҳду паймон ба ба мизи музокира бозгардем.”    

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *