Ба муносибати зодрӯзи Сӯҳроб Шарипов
Бознашр аз 19.01.2018
Имрӯз се сол мешавад, ки Сӯҳроб Шарипов оламро падрӯд гуфт. Агар Худованд риштаи умрро канда намекард, Сӯҳроб имсол 55 сола мешуд. Умре, ки барои як олим ва сиёсатмадор авҷи камолот ва пухтагии фикру таҷриба аст.
Аммо бо вуҷуди умри кӯтоҳ, Суҳроб аз худ зиёд монд. Агар касе фикр кунад, ки ‘’чизи зиёд’’—и Сӯҳроби олим ва сиёсатшинос ҳатман бояд даҳҳо ҷилд китобу садҳо мақолаи илмӣ бошанд, хато мекунад. Аз ӯ китобу мақолаҳо кам нестанд, аммо мероси асосии ӯ, аз нигоҳи ин тараф, ҷасорату қолабшиканиаш буд, ки гоҳо дар мақолаҳо, гоҳо дар мусоҳабаҳо ва гоҳо дар рафтору мавқеъгириҳояш падидор мегаштанд. Ӯ як намунаи хуби чигуна шаҳрванд ва ё тоҷикистонӣ буданро пеш аз ҳама ба мо мерос гузошт. Масъалае, ки имрӯзҳо мавзуъи доғи маҳфилҳои сиёсӣ ва фикрии кишвар гаштааст ва ҳар кас бо диди худ мехоҳад ‘’хамири идеологии‘’ шаҳрванди ормонии ояндаро бишурад. Бехабар аз он, ки ин ‘’одамакҳои’’ дар ошхонаи идеологӣ ба таври сунъӣ пӯхташуда ва роботмонанд чӣ балоеро ба сари миллату кишвар хоҳанд овард. Айнан ҳамон чизе, ки Сӯҳроб шадидан мухолифаш буд ва эҷоди як идеологияи навро дар муқобили анъана, боварҳо ва арзишҳои таърихан шаклгирифта на танҳо кори бесамар, балки, миллатшикан медонист. Ӯ бовар дошт, ки миллат ба арзишҳо ва нигоҳҳои наву пешрафта ниёз дорад, аммо ин арзишҳои нав бояд такмилкунанда ва ислоҳкунандаи арзишҳои милливу динии мардум бошанд, на инкоркунандаи онҳо. Ва бо рафтору андешааш намунаи чунин будану карданро боқӣ гузошт.
Табиатан хеле шӯх буд ва аз истифодаи латифаҳои сиёсӣ ва ё шӯхиҳои сиёсии маънидор парҳез намекард. Яке аз ин шӯхиҳояшро ҳамкоронаш аз дастгоҳи Президент ва ҳизби ҳоким боре хеле ҷиддӣ фаҳмиданд. Ҳамроҳ дар як конфронси байналмиллалӣ дар Маскав будем ва ҳайати кишвар муштарак аз мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Бегоҳ дар меҳмонхона бо дигар аъзои ҳайат машғули бозии билярд будем, ки Сӯҳроб ҳамроҳи марҳум Акбари Саттор вориди толор шуданд. Натиҷаи бозиҳоро пурсид ва якбора бо қиёфаи ҷиддӣ гуфт: ‘’Оё мумкин аст ба оппозитсия ҳамаатон бозиро бозед? Канӣ зиракии сиёсии шумо?’’. Сӯҳроб он вақт ҳамчун ёвари Президент кор мекард. Акбар, ки аз Сӯҳроб шӯхтар буд, бо услуби хосси худ масъаларо боз ҷиддитар кард. Ӯ бо таассуф сар меҷумбонд ва мегуфт ‘’Бачаҳо, кори хуб намешавад…’’. Масъала то ҳадде сиёсӣ ва ҷиддӣ шуд, ки маҷбур бозиро нотамом мондем ва ба гуфти раҳматии Акбар ‘’ваҳдати миллиро ҳифз кардем’’. Яке аз аъзои ҳайат баъдан ишора кард, ки ‘’тасаввур кунед, агар бозии билярд ин қадар сиёсӣ шавад, интихоботро ин бачаҳо бой диҳанд чӣ кор мекунанд?’’.
Сӯҳробро ҳамсафонаш на ҳарфи ҷиддиашро хуб фаҳмиданду на шӯхиашро.
Сӯҳроб дар бораи дин ва тафаккури динӣ хеле мутолиъа дошт ва мо зиёд баҳс мекардем. Муносибати шахсиаш ба динро ҳам аз касе пинҳон намекард. Аммо ба дину диндорон камтарин хусумат надошт. Таҳқир, киноя ва тамасхурро ба худ иҷозат намедод. Зеро, як инсони комилан фарҳангӣ, тарбиятдида ва вораста буд. Зимни яке аз охирин сӯҳбатҳоямон гуфт, ки ҳатто ашаддитарин атеист ҳам гоҳе дар бораи Худо фикр мекунад. ‘’Ман ҳам эътироф мекунам, ки ба як нерӯе бовар дорам. Аммо мухолифи он ҳастам, ки инсон бо талқини дигарон роҳ ба сӯйи Худоро пайдо кунад. Ҳар кас бояд роҳи худро ба сӯйи Ӯ дошта бошад. Ва ман ҳам мерасам рӯзе’’.
Дар авҷи маъракаи интихоботӣ аз сафаре баргаштам ва гуфтанд, ки Сӯҳробро оҷилан бистарӣ кардаанд ва вазъаш хеле вазнин асту касе иҷозаи ворид шудан ба наздашро надорад. Рӯзи дигар яке аз наздикони марҳум наздам омаду гуфт, ки Сӯҳроб хостааст шуморо бубинад. Ба шӯъбаи эҳёгарии Қараболо рафтам, вале духтури навбатдор хеле боэҳтиромона таъкид кард, ки супориш аст касе назди ӯ надарояд. Ин лаҳза ҳамсари Сӯҳроб омад ва ба духтур гуфт, ки Суҳроб худаш ӯро хост бубинад ва духтур ҳам иҷоза дод.
Сӯҳробро дар ҳолати нимбедорӣ ва ё наздик ба беҳушӣ ёфтам. Хеле зард ва беҳол буд. Канда ва паст сӯҳбат мекард ва мехост ҳарчӣ дар дил дорад ҳамон лаҳза бигуяд ва гуфт….
Вақти худоҳофизӣ ба ӯ гуфтам, ки бароят дуъо мекунам, бихоҳӣ ё нахоҳӣ. Сӯҳроб каме дастамро нигаҳ дошт ва гуфт: ‘’Майлаш, дуъо кун. Бисёр дуъо кун. Лекин худатро эҳтиёт кун. Зиқ нашав.’’
Ёдат ба хайр дӯстам. Имкон надорад, ки зиқ набошам. Ҳамеша дуъогӯям.
Муҳиддин Кабирӣ
19. 01. 2018.