Дар идомаи таҳқиқоти журналистӣ оиди соҳаи ҳавопаймоии Тоҷикистон, имрӯз дар бораи ширкати ҳавопаймоии миллии “Тоҷик Эйр” хоҳем гуфт, ки “зараровар” ҳисобида мешавад.
Давлат чанд бор қарзи ин ширкатро бахшид ва кӯмакҳои бузурги молӣ кард. Кӯшиши наҷоти ширкат то ҳол идома дорад. Танҳо дар ду соли охир тавонистанд бо фурӯдгоҳи Душанбе муттаҳид созанд ва аз нав ҷудо кунанд. Вале ҳарду иқдом ҳам натиҷае надод.
Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон муҳоҷиринро ғорат мекунанд
Бинобар муҳоҷирати густарда муштариёни асосии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд. Хатсайрҳо ба самти Русия 95%-и парвозҳои умумии байни Тоҷикистону хориҷро ташкил медиҳанд.
Дар баҳор ва тирамоҳ — давраҳои асосии сафари муҳоҷирон, нархҳо бо шиддат боло мераванд. То ҷое, ки нархи билет то ду баробар гаронтар аз Қирғизистон мешавад. Масалан нархи билети Душанбе Маскав $270 аст, дар ҳоле, ки аз Бишкек ба Маскав ҳамагӣ 160 доллар. Фарқи нарх дар хатсайрҳои дигар ҳам ҳамин тавр аст.
Ширкатҳои тоҷик гаронии нархи билетро ба гаронии нархи сӯзишворӣ аз ҷониби Ширкати таъминоти сӯзишворӣ (ШТС — ТЗК (топливно заправочная компания)) рабт медиҳанд, вале нархи он аз Бишкек фарқи бузурге надорад.
Бояд гуфт, ШТС нархи керосинро аз 1-уми феврал қариб 30 дарсад аз $1120 ба $1465 боло бурдааст. Молики ин ширкат Ҳасан Асадуллозода ва раҳбари он ҷиянаш Илҳомҷон Соҳибов аст. Молики ғайрирасмии Тоҷик Эйр ҳам духтари раисҷумҳур Таҳмина Раҳмон аст. ки дар ин бора дар таҳқиқотҳои минбаъда ҳарф хоҳем зад.
Вале чун таҳқиқоти мо барои 2 моҳи охир нест, нархи то 1 февралро мегирем. Барои як парвози Душанбе-Маскав-Душанбе ҳудуди 22 тонн керосин масраф мешавад, ки бо ҳамон нарх ҳудуди 25000 доллар мешавад. Масрафи умумии ин хатсайр бо дарназардошти хидматрасонии фурӯдгоҳҳо, аэронавигатсия, моҳонаи экипаж ва ғайра ҳудуди 40 ҳазор доллар аст. Ин тайёра 154-156 мусофир мегирад, ба ду тараф 308-312 мусофир. Нархи билет агар 250 долларӣ ҳам ҳисоб карда шавад 77000 доллар мешавад. Ҳамагӣ фурӯши 50 дарсади билетҳо кофист, ки хароҷоти парвоз пӯшонида шавад.
Аз ин ҳисоб, ки фурӯши билетҳо бо ҳисоби солона аз 75 дарсад кам нест, фоидаи “Тоҷик Эйр” 25-30 дарсади билетҳои фурӯхташуда аст. Хароҷоти умумиистеҳсолии ширкати ҳавопаймоӣ 12-15 дарсад аз даромадро ташкил медиҳад. Яъне фоидаи софи Тоҷик Эйр бояд аз 10 то 20 дарсади даромадаш бошад, ки аз як парвоз 6-10 ҳазор доллар аст. Тоҷик эйр дар як рӯз 2-3 парвоз танҳо ба Русия анҷом медиҳад. Яъне ин ширкат бояд ба ҳисоби миёна моҳона 1 миллион доллар фоида дошта бошад.
Дар сурати идораи дуруст ин ширкат метавонад дар 3-4 сол ба як ширкати муваффақ табдил шавад ва бо шиддат рушд кунад. Ин имкон замоне, ки Сомон Эйр вуҷуд надошт хеле бузург буд. Вале “Тоҷик Эйр” на танҳо рушд намекунад, балки сол то сол муфлистару корношоямтар мешавад. Ин чеҳраи иқтисоди миллӣ мушобеҳи як аробаи кӯҳнаи шалақ гардидааст.
Дар гумон аст, ки ба ин зудӣ вазъ дар “Тоҷик эйр” тағйир кунад. Чун ин ширкат хазинаи тиллоии як гурӯҳи қудратманд аст, ки солҳост онро ва тавассути он мардумро ғорат мекунанд. На танҳо “Тоҷик эйр”, балки соҳаи ҳавопаймоии кишвар бо шумули фурӯдгоҳҳову таъмини сӯзишворӣ манбаъи даромад, макони хуби пулшӯӣ, хазинаи пурзаре барои дуздии ин гурӯҳ аст. Давлат ҳам наметавонад ва намехоҳад алайҳи ин гурӯҳ иқдоме кунад, чун ин гурӯҳ зери назорати нафарест, ки зӯри давлат ба ӯ намерасад. Мавзӯъи хосе барои ин гурӯҳ ҳам ироа хоҳад шуд.
Ҳанӯз дар соли 2013 Тоҷик Эйр 27 миллион сомонӣ аз фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе, 14 миллион сомонӣ аз фурӯдгоҳи Хуҷанд, 8 миллион сомонӣ аз “Тоҷикаэронавигатсия” ва 17,5 миллион сомонӣ аз Ширкати таъминоти сӯзишворӣ қарздор буд.
Дар соли 2014 қарзи умумии ин ширкат 210 миллион сомониро ташкил медод.
Тайёраҳои фарсудаи 12 миллиона — роҳи хуби пулшӯӣ
Яке аз роҳҳои даромади чандмиллиондолларии ин гурӯҳ хариди ҳавопаймоҳо барои “Тоҷик Эйр” аст. Тайёраҳои фарсуда ва тақрибан корношоямшударо пайдо мекунанд ва тавассути нақшаҳои печидаи молиявӣ онро барои ширкати миллии ҳавопаймоӣ харидорӣ мекунанд. Ин тайёраҳо мустақиман аз фурӯшанда ба харидор нарафта, тавассути ширкатҳои миёнарав фурӯхта мешавад, ки дар натиҷа нархаш чанд баробар боло меравад. Фарқи он албатта дар кисаи ин гурӯҳ қарор мегирад.
Аввалин хариди лизингии тайёраҳо як амалиёти хеле муваффақона барои ин гурӯҳ буд, ки ҳудуди 10 миллион доллар ба гурӯҳ фоида овард. Вале ҳамин 10 миллион пурра аз ҳисоби “Тоҷик Эйр” буд, ки дудашро баровард. Бо кӯшиш ва давутози Ҷураев Сӯҳроб Муқимович, як узви ин гурӯҳ ду тайёраи Боинг 737-500 аз ширкати литвонии «FL Technics» бо лизинг харида шуд. Он замон ин ду тайёра дар бозор аз 3 то 5 миллион доллар нарх доштанд. Вале барои “Тоҷик Эйр” ҳар кадоми он 9 миллион долларӣ тамом шудаанд. Бо вуҷуди пардохти 18 миллион доллар барои ин ду тайёраи фарсуда, то ҳанӯз кашмакашҳои додгоҳӣ нисбати он давом доранд. Ҷониби фурӯшанда 3 миллион доллари дигар талаб дорад.
Вале кор бо ин тамом намешавад. Барои он ки ин ҳавопаймоҳо ба ихтиёри “Тоҷик Эйр” гузаранд, бояд 2 миллион долларии дигар барои ҳар кадоме масраф шавад. Ниҳоятан ду тайёрае, ки қимати миёнаашон дар бозор аз 4 миллион доллар боло нест, барои ширкати миллии ҳавопаймоӣ 12,5 миллион ҳар кадоме тамом мешаванд.
“Ҳақ” аз иҷораи тайёра барои ширкати миллӣ
Барои хариди тайёра иҷозати ҳукумат ва маблағи зиёд (ки “Тоҷик Эйр” надорад) лозим аст. Вале гурӯҳи мазкур илоҷи ин корро ҳам пайдо кардааст — агар барои хариди ҳавопаймо пул нест, мешавад онро иҷора он гирифт.
Боз ҳам бо саъю кӯшиши Ҷураев С. бо ширкати лизингии “Авиагейт” шартномаи иҷораи лизингӣ барои ҳавопаймои Боинг 767-300 баста шуд. Тибқи шартнома тайёра бояд бо шурути “лизинги тар” (мокрый лизинг) истифода мешуд. Яъне иҷорадеҳ бояд ҳамроҳ бо тайёра гурӯҳи парвозӣ (халабонҳову стюардессаҳо)-ро медод, ва таъмини техникии он, аз ҷумла кормандони техникӣ ва қисмҳои эҳтиётии онро ба дӯш мегирифт. Вале то имрӯз тайёра бо шурути “лизинги хушк” истифода мешавад. Яъне гурӯҳи парвозӣ, таъмир ва таъминоти техникӣ пурра ба дӯши “Тоҷик Эйр” аст.
Нархи бозории лизинги тари як Боинг 767-300-и кӯҳна ҳудуди 100 000 доллар барои як моҳ аст. Лизинги хушк 15-20 дарсад арзонтар тамом мешавад. Яъне гурӯҳ аз иҷораи Боинг 767-300 моҳона 15-20 ҳазор доллар даромад мегирад. Ин ҳам агар ин тайёра бо нархи миёнаи бозорӣ ба иҷора гирифта шудааст.
Як тайёраи Боинг 757-200 ба лизинг барои «Тоҷик Эйр» тавассути ширкати «Fortress Transportation & Infrastructure» воқеъ дар Бермут гирифта шудааст. Аз ин шартнома танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки “Тоҷик Эйр” аз ин ширкат 2 миллион доллар қарздор аст. Тибқи иттилоъи як манбаъ ин ширкат ба Холиқов Рустам Исуфович тааллуқ дорад. Ин номро ба хотир гиред, чун яке аз тарафҳои тадқиқоти мо ин нафар аст ва “қаҳрамониҳо”-и зиёде ба номи ӯ сабт шудааст.
Фурӯши парчам ва манфиатҳо
Пулро мешавад на танҳо аз хариду иҷораи тайёраҳо, балки аз фурӯши парчаму манфиатҳои ширкати миллӣ ба даст овард.
Тавассути ин гурӯҳ ду тайёра ва ду чархбол дар “Тоҷик Эйр” ба қайд гирифта шудааст, ки на танҳо Тоҷикистонро надидаанд, балки ҳеҷ тоҷике ҷуз Сӯҳроб Ҷӯраев ин тайёраву чархболҳоро надидааст. Шояд худи Ҷӯраев ҳам онҳоро надида бошад. Онҳо дар куҷо парвоз мекунанд, чӣ мекашонанд, маълум нест. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки бо парчами “Тоҷик Эйр” парвоз мекунанд ва ба гурӯҳи мазкур моҳона ҳақи қайд пардохт мекунанд.
Ба ҷуз парчам ин гурӯҳ манфиатҳои ширкати миллии ҳавопаймоиро низ ба савдо задааст. Хатсайрҳои сердаромад дар ихтиёри Сомон Эйр ва ширкатҳои русӣ гирифтааст. Аз даҳҳо хатсайре, ки байни Душанбеву Русия мавҷуд аст, танҳо 5-тои онро “Тоҷик Эйр” анҷом медиҳад. Аз хатсайрҳои байни Хуҷанду шаҳрҳои Русия танҳо 2-тояшро. Дар умум 7-то.
Хайрулло Раҳимов, раҳбари кулли Тоҷик Эйр
Ин дар ҳолест, замони Шӯравӣ Тоҷик Эйр чаҳор хатсайр аз Душанбе ва 3 хатсайт аз Хуҷанд дошт. Яъне шумори умумии хатсайрҳои Тоҷик Эйр зиёд нашуда, баръакс камтар шудаанд. Чун дар ҳама хатсайрҳое, ки Тоҷик Эйр анҷом медиҳад, “Сомон Эйр ҳам парвоз мекунад.
Дар ҳамин ҳол Сомон Эйри “ҷавон” на танҳо шумори хатсайрҳояшро сол то сол афзоиш медиҳад, балки беҳтарин хатсайрҳоро ҳам аз Тоҷик Эйр мегирад. Яке аз чунин хатсайрҳо Хуҷанд-Маскав аст, ки Тоҷик Эйр дигар дар он тақрибан ҳузур надорад. Яъне аз 16 парвоз дар ҳафта байну ду шаҳр ҳамагӣ 2-тои онро иҷро мекунад.
Аммо ширкати русиягии “Уралские авиалинии” бештар аз ҷамъи Тоҷик Эйру Сомон Эйр хатсайр ба Тоҷикистон дорад . Ин ширкат ва ширкати дигари русӣ — “ЮТ-эйр”-ро гурӯҳи мазкур сахт дастгирӣ ва лоббигарӣ мекунад. Ҳади ақал то чанд ҳафта пеш. Ҷанҷоли ҳавоии байни Тоҷикистону Русияро барои парвоз аз фурӯдгоҳи “Жуковский”-и Маскав ба хотир оваред. Он вайт чанд рӯз парвозҳо байни ду кишвар ба мушкил гирифтор шуда буданд. Баҳс сари ин буд, ки ширкати “Уралские авиалинии” мехост ин хатсайрро соҳиб шавад, вале ҷониби Тоҷикистон талаб мекард бояд як ширктаи тоҷик низ дар ин самт парвоз кунад. Масъули гуфтугӯи байни ду кишвар ҷонишини вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода баъди анҷоми гуфтугӯҳо эълон кард масъала пурра ҳали худро ёфтааст ва парвозҳо дар асоси “паритет” анҷом мешаванд. Вале то ҳол дар ин хатсайр танҳо “Уралские авиалинии” парвоз мекунад. Тибқи иттилои як манбаъ, ки дар ҳамин соҳа кор мекунад, Ганҷалзода барои ин кор аз “Уралские авиалинии” 100 ҳазор доллар пора гирифтааст.
Фурӯши хатсайрҳо
Барои кушодани хатсайр ба Тоҷикистон, ширкати хориҷӣ бояд тасовӣ (паритет)-ро риоя кунад. саволе ба вуҷуд меояд, ки чаро ширкати “Уралские авиалинии то чанд рӯз қабл бидуни тасовӣ ба Уфа, Краснодар, Челябинск ва 4 маротиба дар ҳафта ба Екатеринбург парвоз кунад, дар ҳоле, ки Сомон Эйр ҳамагӣ як парвоз дар ҳафта дорад?
Тибқи иттилои як манбаъ. вақте нақшаи кушодани хатсайри наве дар Тоҷикистон пайдо мешавад, Тоҷик Эйр чун ширкати миллӣ даъвои иҷрои тасовиро мекунад. Вале чун ҳамагӣ се тайёраро соҳиб аст, имкони парвоз дар ҳама самтҳоро надорад. Бинобар ин бо дарёфти ҳақи парвоз дар хатсайри нав онро ба “Уралские авиалинии” мефурӯшад.
Даромад аз ин хатсайрҳоро, ки 99 дарсади билеташро тоҷикон мехаранд моликони “Уралские авиалинии” ва андоз аз онҳоро буҷаи Русия соҳиб мешавад. Тибқи ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ ширктаҳои ҳавопаймоӣ андозро танҳо ба кишвари худ месупоранд.
Бо “шарофат”-и Тоҷик Эйр (дар асл Тахмина Раҳмон) 60%-и бозори парвозҳо дар Тоҷикистонро ширкатҳои русӣ соҳиб шудаанд.
Инак, вақте “Уралские авиалинии” аз додани пора ба Тахмина Раҳмон даст кашиданд, мақомоти Тоҷикитсон бо онҳо ҷанг эълон кардаанд.