Росавиатсия ба ширкати ҳавопаймоии AZUR air барои парвозҳо бо хатсайри Иркутск-Хуҷанд-Иркутск иҷоза дод.
Дар ин бора дар Росавиатсия аз 3 декабр сухан меравад. Дар фармон қайд мешавад, ки парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба иҷро карда мешаванд.
Гуфта шудааст, ки “Додани иҷозатнома ба ширкатҳо барои барқарор кардани парвозҳо бо хатсайрҳои байнулмилалӣ, ки дар фармони Росавиатсия аз 03.12.2020 №1463-п зикр шудааст, қарор ё асос шуда наметавонад.
Дар фармони Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ омадааст, ки Иҷозатнома ҳуқуқи ширкат мебошад, ки зимни барқарор шудани парвозҳо аз он истифода бурда метавонад”.
Гуфтанист, бар асари пандемия алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия қатъ шуда, ба ивази он аз ҳар ду ҷониб парвозҳои чартерии аз кишвари хориҷӣ ба ватан баргардонидани ҳамватанон роҳандозӣ гардид.
Парвозҳоро аз Русия ба Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” анҷом дода, парвозҳои чартериро аз Тоҷикистон ба Русия ду ширкати ҳавопаймоии Русия — “ЮТэйр” ва “Уральские авиалинии” аз моҳи ноябр оғоз карданд.
Танҳо дар моҳи декабр анҷоми 146 парвоз аз Русия ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. “Уральские авиалинии” дар як ҳафта аз Тоҷикистон ба Русия 11 парвози чартерӣ иҷро мекунанд.