Categories Ванҷ

Лави манҷа | Торнамои Ванҷ


  Мутобиқ ба таҳаввулоти иҷтимоӣ урф, одот ва тафаккури мардум тағйир мехӯрад ва русуме аз байн рафта, таъомули нав падид меоянд. Мардуме, ки ду қарнро дидаанд, шавоҳиди ин тағйиротанд. Ҳоло ин дигаргуниҳо дар урф дар диёр баръало мушоҳида мешавад.
  Кат – ба гӯиши мардуми диёр “манҷа” ашёи зарурӣ барои ҳар хонавода аст. Пеш истифодаи бештар дошт, ҳоло ҳам корбурду аҳамият дорад. Аҳли хонаводаҳо дар фаслҳои гарм ағлабан дар манҷаҳо нишаст, роҳат, тановул ва хоб мекунанд. Манҷаҳо дар назду таҳи дарахтони бузург, мисли чормағзу беду себу амрӯд гузошта шуда, дар зери сояву насими ин дарахтон дам гирифтану хӯрок хӯрдану хобидан кайфияти хосса дорад.
  Хусусан, дар фасли тобистон шаб хобидан дар манҷа бо истимои навои чандсавтаи ҳазордастон, садои буму чоку капӯк, овози ғӯку малаху соири ҳашара, ки ҳар яке бо лаҳну оҳанги хоси хеш овозхонӣ мекунад, бо эҳсоси вазиши шаббода ва танаффуси ҳавои тоза гуворову сафобахши ҷисму рӯҳ аст…
  Катро дар диёри мо “манҷа” мегӯянд ва ин лафз дар дигар манотиқи кишвар корбурд надошта, бар аҳли онон ғариб менамояд. Дар мавриди ин вожа фарҳанги Онандроҷ аз Баҳори Аҷам оварда: “Манҷа – чаҳорпое, ки бар он дароз кашанд ва онро пиланг низ гӯнд, ин ҳар ду ҳинду-ул-асланд, зеро дар Ирону Турон набуд ва баъзе гӯянд, ки дар ҳоло баъз ҷоҳо ривоҷ ёфта. Лафзи манҷа ҳиндии панҷобӣ аст ва соқи манҷа иборат аст, аз ду чӯби калон аз чаҳор чӯби он.
Шавад ба Ҳинд чу харроти чарх бар сари кор,
Зи чӯби хушк танам соқи манҷа мехоҳад (Мулло Туғро)”.
  Пеш мисли ҳол чунин деворбандиҳо набуд, аслан, замину обчакориҳо ва атрофи зарурии хонаҳоро шиғбанд мекарданд. Манҷаҳо аксаран болокушода буданд, аз роҳи гузари мардум менамуданд. Роҳгузари наздикро аз рӯи расм ҳатман даъват ва дуртарро ишора ба нӯшидани чой мекарданд. “Дар лави манҷа нишастан” маънои саридастӣ чойнӯширо дошт, ки соҳибхона раҳгузарандаро бидуни он гузар кардан намегузошт.
  Агар дар манҷае як ё дуеро нишаста медиданд, гузарандаву ҳамсоя ба ҷамъи онҳо мепайвастанд, “да лави манҷа шистану як чой грфтан” ба хотири “як-ду даан гап заан”, яъне нишастану сӯҳбат кардан буд. Муҳим аз мулоқоту мусоҳиба ҳаловат бурдан буд, хӯрдану нӯшидан аҳамияти камтар доштанд.
  Ҳоло бештар ба ҷои тавора бо маҳсули навсохт девора мекашанд ва манҷаҳо камтар менамоянд. Дар он замон мардум зиндагии сода, бисоти одиву дастархони фақирона доштанд, вале дили фароху дасти кушода доштанд. Гузарандаро ҳатто аз дур садову таклиф ба гузаштану чой нӯшидан мекарданд.
  Дар ин замон хонаву дар бо ороишу шароити муҳайёву анвои хӯрданиҳо доранд, вале чун гузарандаро бинанду ӯ онҳоро надида бошад, кӯшиши хешро пинҳон кардан мекунанд. Мисли пеш ҳамсояву гузарандаи аҳли он ҷо, ки бе даъвату таклиф бо дидани касе дар манҷа рафта, дар “лави манҷа” менишаст, намераванд, то оне аз ҷониби соҳиби манҷа “ҷаҳту мроҳат” карда нашаванд…
Шарҳи луғат:
Таҳаввулот (ҷамъи “таҳаввул”) – дигаргунӣ, тағйирот
Тановул – хӯрдан, нӯш кардан
Насим – боди мулоим
Истимоъ – гӯш кардан, шунидан
Ҳазордастон – булбул, андалеб
Чок — ҷуғз
Капӯк – номи парранда
Шаббода – боди форами шабона
Танаффус – нафас гирифтан
Харрот – чӯбтарош, устои чӯб
Соқ – андоми байни зону ва мучи по; поя, соқа
Шиғ – девора аз дарахту буттаҳо
Лав (ба шеваи диёр) — канора
Шистан (ба шеваи диёр) — нишастан
Даан (ба шеваи диёр) – 1.да(ҳ)ан- даҳон, 2.додан
Заан (ба шеваи диёр) — задан
Тавора – девора аз буттаҳо, ки ба даври боғу полез кашанд
Бисот- асбобу анҷому лавозимоти хона
Фарох – кушода, паҳн
Ҷаҳт (ба шеваи диёр) – даъват ба зиёфат
Мроҳат (ба шеваи диёр) – муроот — эҳтиром кардан, пос доштан, риоят. 22.06.2025.



Манбаъ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *