Бар асоси нархномаи нав ронандагони тоҷикро лозим аст, ки барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳои соли истеҳсолашон аз соли 2005 боло ба идораи Бозрасии Давлатии Автомобиль, 4988 сомонӣ пардохт кунанд.
Арзиши сиёҳ кардани шишаи мошинҳо дар Тоҷикистон то 28 дар сад боло рафтааст.
Ронандаҳои тоҷик мегуянд, ҳамин тавр нархи иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳои соли бароришашон аз соли 2005 поён ҳам ба андозаи 3770 сомонӣ гарон шудааст. Соли гузашта иҷозатномаи сиёҳ кардани оинаи чунин мошинҳо 3570 сомонӣ муқарар шуда буд.
Тибқи нархномаи нав, сиёҳ кардани оинаи пушти нақлиёт 400 сомонӣ ва танҳо шишаи ду дари қафо ба 2100 сомонӣ баробар шудааст.
Барои мошинҳое, ки бо шишаҳои сиёҳ ба Тоҷикистон ворид мешаванд танҳо даҳ рӯз муҳлат дода мешавад то соҳибонаш аз Бозрасии Давлатии Автомобили бо пардохт кардани акнун 4988 сомонӣ иҷозатнома бигиранд. Дар сурати нагирифтани чунин иҷозатнома вазифадоранд, ки шишаҳои сиёҳро пок кунанд.
Чанд сол пеш мақомоти Тоҷикистон бо шумули мошинҳои хидматии ашхоси баландмақоми давлатӣ, барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳои сокинон иҷозат дод. Он замон гуфта мешуд, ки ҳамаи маблағи аз ҳисоби сиёҳ кардани шишаи мошинҳо дар Тоҷикистон ба дастомада барои сохтмони Неругоҳи Обии Баркии “Роғун” равона карда мешавад.
Аммо то ҳол мақомот ҳеҷ ҳисоботе дар мавриди ин ки аз ҳисоби сиёҳ кардани шишаҳо чӣ миқдор даромад мешавад ва оё он маблағҳо ба суратҳисоби НОБ Роғун ворид шудаанд ё на, иттилоъе надодаанд.