Гурӯҳе аз мардум дар Лондон, пойтахти Англия дар эътироз ба шиддат гирифтани ҳамалоти низомиёни Исроил ба фаластиниён ва ҳамчунин Масҷид-ул-Ақсо дар Қудси шарқӣ тазоҳурот баргузор карданд.
Онҳо дар муқобили сафорати Исроил дар Лондон таҷаммӯъ карда ва баннерҳоеро дар маҳкумияти ҳамалоти Исроил бардошта буданд.
Тазоҳуроткунандагон ҳамчунон шиорҳое монанди “Озодӣ барои Фаластин”, “Кӯдакону занони фаластиниро раҳо кунед” ва “Исроил, ба ишғол поён бидеҳ” сар доданд.
Онҳо ҳамчунин бо дар даст доштани парчамҳои Фаластин аз давлати Англия хостанд то таҳримҳоеро алайҳи Исроил ҷорӣ созад ва ба фурӯши силоҳ ба ин кишвар поён диҳанд.