Рубрики Хабарҳо

Трамп аз посух ба пурсишҳои додситони кулли Ню-Йорк саркашӣ кард

Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико эълом кард, ки бо такя ба моддаи панҷуми қонуни асосии ин кишвар аз посух ба пурсишҳои додситони кулли Ню-Йорк дар бораи фаъолиятҳои тиҷориаш худдорӣ кардааст. 

Летиша Ҷеймс, додситони кулли Ню-Йорк дар ҳоли таҳқиқ дар мавриди тақаллубҳои молии эҳтимолӣ дар ширкати “Созмони Трамп” мутааллиқ ба Доналд Трамп аст. Раисҷумҳури пешини Иёлоти муттаҳида қарор буд рӯзи чаҳоршанбе пас аз адои савганд ба пурсишҳои додситони кулли Ню-Йорк посух диҳад. 

Ҳарчанд таҳқиқи додситони кулли Ню-Йорк дар чаҳорчуби додрасии маданӣ анҷом мешавад аммо посухҳои Доналд Трамп ба пурсишҳои додситони кулл метавонист алайҳи ӯ дар парвандаи ҷиноӣ низ мавриди истифода қарор гирад. 

Раисҷумҳури пешини Амрико дар шарҳи истинодаш ба моддаи панҷуми қонуни асосӣ барои худдорӣ аз посухгӯйӣ ба додситони кулли Ню-Йорк гуфт: “вақте хонавода, ширкат ва ҳама атрофиёни шумо ҳадафи азият ва озори қазоии беасос ва бо ангезаи сиёсӣ қарор гирифтаанд ва дар ҳоле, ки вакилон, додситонон ва расонаҳое, ки ахбори ҷаълӣ пахш мекунанд аз он ҳимоят мекунанд, дигар чорае (ҷуз истинод ба моддаи панҷуми қонуни асосӣ) надоред.” 

Моддаи панҷуми қонуни асосии Иёлоти муттаҳида ба шаҳрвандон иҷоза медиҳад то бо истинод ба он ба адои шаҳодат алайҳи худ тан надиҳанд. Дар бахше аз моддаи панҷуми қонуни асосии Амрико омадааст: “ҳеҷ кас дар ҳеҷ парвандаи ҷиноӣ маҷбур ба додани шаҳодат алайҳи худ нахоҳад шуд ё аз зиндагӣ, озодӣ ва дороии хеш бидуни тай кардани марҳилаҳои қонунии лозим маҳрум намешавад.” 

Доналд Трамп пеш аз ин қарор буд рӯзи 15 июл барои посухгӯйи дар баробар Летиша Ҷеймс ҳозир шавад аммо ба думболи даргузашти Ивана Трамп, ҳамсари пешини вай ин ҷаласа ба таъхир афтод. 

Истиноди Доналд Трамп ба моддаи панҷуми қонуни асосии Иёлоти муттаҳида барои худдорӣ аз посухгӯйи ба пурсишҳои додситони кулли Ню-Йорк дар ҳоле сурат гирифт, ки полиси федерали Амрико шомгоҳи душанбе иқоматгоҳи вай дар Иёлоти Флоридаро тафтиш карда буд. Ҳузури маъмурони полиси федерал дар маҳалли зиндагии Доналд Трамп дар чаҳорчуби таҳқиқ дар бораи хурӯҷи асноди табақабандишуда аз Кохи Сафед анҷом шуд. 

“Созмони Трамп” ширкати фаъол дар заминаи амлок аст. Ба гузориши бархе расонаҳои Амрико Иванка Трамп ва Доналд Ҷон Трамп, ду тан аз фарзандони раисҷумҳури пешини Амрико, ки дар “Созмони Трамп” нақши пурранге доранд тайи рӯзҳои гузашта барои адои шаҳодат дар дафтари додситонии кулли Ню-Йорк ҳозир шуда буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *