Рубрики Хабарҳо

ОПЕК+ тавлиди нафтро афзоиш намедиҳад

“ОПЕК плюс” дар нишасти худ ба тавофуқи коҳиши тавлиди нафт пойбанд монд. Ин тасмим метавонад аҳдофи Гурӯҳи ҳафт (G7)ва Австралия аз таъйини сақфи нарх барои нафти Русияро камтаъсир кунад. Вазири энержии Русия гуфт, Маскав зери бори таҳмили сақфи қимат намеравад.. 

ОПЕК плюс, шомили тавлидкунандагони нафтиОПЕК ва муттаҳидон аз ҷумла Русия, дар ҷаласаи якшанбе, чаҳоруми декабри худ ҳеҷ тағйире дар аҳдофи пешин надод. Аъзои ОПЕК плюс дар моҳи октябри тавофуқ карда буданд, ки тавлидро аз моҳи ноябр то поёни соли 2023 рӯзона ду миллион бушка коҳиш диҳанд. Ин мизон муодили ду дарсад тақозои ҷаҳонӣ аст. 

Ин тасмим танҳо ду рӯз пас аз таъйини сақфи қимати 60 доллар барои ҳар бушкаи нафти Русия дар Гурӯҳи ҳафт, иттихоз шуд. Фаъолон ва таҳлилгарони бозори энержӣ ба нишасти ОПЕК плюс чашм духта буданд зеро боловупоинравии эҳтимолии пешниҳод ва тақозо пас аз таъйини сақфи қимат барои нафти Русия ҳанӯз мушаххас нест. 

Ҳамзмон, Александр Новак, вазири энержии Русия гуфт Маскав зери бори таҳмили сақфи қимати нафт намеравад ва дар сурати лузум тавлид ва арзаро коҳиш медиҳад. 

Рейтерз ба нақл аз Новак навишт: “мо дар ҳоли баррасии механизмҳои манъи истифода аз сақфи қимат ҳастем. Сарфи назар аз ҳар сақфе, ки таъйин шавад.” 

Вазири энержии Русия таъкид кард, ки чунин дахолаткуниҳо метавонад бозорро беш аз пеш бесубот кунад. 

Русия, ки тавлидкунандаи шумораи дуи нафт дунёст, тавониста Ҳинд, Чин ва Туркияро ҷойгузини бисёре аз ҳадафҳои содиротии худ дар Аврупо кунад аммо ин бад-он маъно нест, ки таҳримҳо ҳеҷ халое эҷод накардаанд. Аз тарафи дигар, таъсири сақфи қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ метавонад васеъ бошад зеро Русия гуфтааст, метавонад ба содагӣ аз арзаи нафт ба кишварҳое, ки сақфро риоят мекунанд, чашмпӯшӣ кунад. Дар айни ҳол, ёфтани роҳҳои давр задани ин маҳдудият низ чандон душвор нест. 

Сақфи қимат ва таъсироти эҳтимолӣ 

Иттиҳодияи Аврупо, Гурӯҳи ҳафт ва Австралия тасмим гирифтаанд дар ростои таҳримҳои танбеҳии Ғарб алайҳи Русия ва пешгирӣ аз таъмини буҷаи низомии Кремл бо даромадҳои нафтӣ, ҳар бушкаи нафти ин кишвар 60 доллар фурӯхта шавад, ки аз миёнгини ҷаҳонӣ поинтар аст. 

Ассошиэйтед Пресс менависад, хештандории ОПЕК плюс аз як омили дигар низ ношӣ мешавад: ин, ки ба далели тарс аз шуйӯъи дубораи коруно ва маҳдудиятҳои сахтгиронаи “Ковид сифр” дар Чин, бо коҳиши тақозо дар Чин ва ниҳоятан муомилаи нафт ба баҳои камтар мунҷар шавад. 

Як омили дигар, нигарониҳо дар бораи рукуди иқтисодӣ дар Амрико ва Аврупо ва низ чашмандози коҳиши тақозо барои бензин ва сӯхтҳои гирифташаванда аз нафти хом аст. Миёнгини баҳои бензин дар Амрико дар рӯзҳои ахир ба 41/ 3 доллар дар ҳар галон коҳиш ёфтааст. Агар бозорҳо дучори халои ношӣ аз камбуди нафти Русия шаванд, қимати сӯхт афзоиш хоҳад ёфт. 

Ба ҳамин далел аст, ки кишварҳои Гурӯҳи ҳафт, ба ширкатҳои киштиронӣ ва бима (суғурта) иҷоза додаанд, нафти Русияро бо риояти сақфи қимат ба кишварҳои ғайриғарбӣ содир кунанд. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки бештари киштиҳои нафткаши ҷаҳон таҳти пӯшиши ширкатҳои бимаи кишварҳои Гурӯҳи ҳафт ё Иттиҳодияи Аврупо қарор доранд. 

Ассошиэйтед Пресс аз қавли таҳлилгарони энержӣ менависад, Русия эҳтимолан бо созмондеҳии бимаи худ ва истифода аз нафткашҳои ғайриқонунии ҷаҳон мисли Эрон ва Венесуэла, талош хоҳад кард сақфи марбутаро давр бизанад аммо ин кори пурҳазина ва даступогир хоҳад буд. 

Жок Руссо, мудиръомили ширкати ClearView Energy Partners ба Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, огоҳӣ аз мизони арзаи Русия ба бозор, омили калидӣ аст: “агар Русия беш аз як миллион бушкаи нафт дар рӯз арза накунад, ҷаҳон бо камбудии нафт мувоҷиҳ мешавад ва бояд дар ҷое ҷуброн шавад, чӣ аз сӯи ОПЕК бошад ё ҷой дигар.” 

ОПЕК плюс таърихи нишасти баъдии худро ҳафт моҳи дигар, яъне чаҳоруми июн таъйин кардааст. Дар баёнияи нишасти рӯзи якшанбе аммо омада, ки аъзо метавонанд ҳар замон барои расидагӣ ба таҳаввулоти бозор ташкили ҷаласа диҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *