Мақомоти маҳаллии вилояти Ҳилмонди Афғонистон мегӯянд, 80 дарсади хоки ин устонро размандагони Толибон зери назорати худ овардаанд ва танҳо марокизи идоротӣ дар дасти мақомот аст. Боқӣ дар ҳама навоҳии ин қаламрав Толибон бидуни мамониати муассир гардиш доранд.
Гуфта мешавад, Ҳилмонд аз ноамнтарин вилоятҳои ин кишвари ҷангзада мебошад. Айни ҳол ба маркази маъмурии ин вилоят, Лашкаргоҳ низ дастаҳои мусаллаҳи Толибон чашм дӯхтаанд ва аз ҳар ҷониб ба мақомоти интизомӣ ва нерӯи миллии минтақа фишор меоранд.
Ин аст, ки мақомоти ИМА барои дастгирӣ ва машварат додан ба афсарони нерӯи миллии Афғонистон ҳудуди 100 сарбози худро бо техникаи ҷангӣ ба Лашкаргоҳ фиристодааст. Таъкид мегардад, ки аз мақари худ берун рафтани низомиёни Амрико муваққатист ва бо содда гаштани вазъ дар Ҳилмонд дубора ба мақоми азалии буду боши худ бархоҳанд гашт. Аммо дастаи 100 нафараи амрикоӣ бар зидди ҷангандаҳои Толиб вориди ҳарбу зарб нахоҳанд гашт ва танҳо дар ақибгоҳ нишаста, сарбозони ҳукуматиро аз роҳҳои таъсирбахши мубориза алайҳи размандагони Толибон меомӯзанд. Гуфта мешавад, низомиёни Амрико дар сурати хавфи таҳдид ба ҷони худ аз силоҳ истифода мекунанд ва ин ҳуқуқро пеши худ нигаҳ доштаанд.
Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки ҷангҳои шадид байни мақомоти қудратии маҳаллӣ ва ҷангҷӯҳои Толибон дар аксари манотиқи Афғонистон идома доранд ва аз ҷумла дар устонҳои Қундузу Нангарҳор вазъ боз ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Рубрики
Хабарҳо