Categories Хабарҳо

Вокуниши ВКД ва додситонӣ ба навори латукӯб дар артиш

Вазорати корҳои дохила ва Додситонии кулл ба навори латукӯби чанд сарбоз аз ҷониби ҳамхидматонашон вокуниш карданд. Ин ду ниҳод аз боздошти 5 нафар дар робита ба ин ҳодиса хабар медиҳанд. 

Тибқи иттилоъи ин ду ниҳод ҳодиса рӯзи 15 декабри соли 2022 дар қисми ҳарбии 0215-и неруҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон, ки дар ҳудуди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ҷойгир мебошад, рух додааст. 

Ба иттилоъи манобеъ, “сержант Ҷонибек Қосимзода ҳамроҳ бо ҳамхидматонаш, Фахриддин Азимов, Аъзам Камолов, Маҳмадназар Нозимов ва Ҳоҷиакбар Сайфуллоев бар хилофи қонуну қоидаҳо дар артиш рафтор кардаанд. Онҳо бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров Меҳмонҷон Субҳонқулович, қаториҳо Чориев Бекзод Тоирович, Каримзода Замир Рустам, Амиров Некруз Файзуллоевич ва Мусоев Алишер Тошбоевичро мавриди лату кӯби ҷисмонӣ қарор дода, дарди ҷисмонӣ ба саломатиашон расониданд».

Ҳарду ниҳод хабар додаанд, ки 5 нафар боздошт шуда, алайҳашон аз тарафи додситонии низомии Суғд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Латукӯб ва шиканҷа дар артиши Тоҷикистон даҳсолаҳост идома дорад.

Бо вуҷуди ваъдаҳои зиёд, мақомот наметавонанд ё намехоҳанд пеши роҳи ин ҷинояти зиддибашариро бигиранд. 

Солона даҳҳо нафар сарбоз бар асари шиканҷаву латукӯб ҷони худро аз даст дода, садҳо нафари дигар маъюби якумрӣ мешаванд.

Беуонунӣ дар артиш боиси фирори саросарии ҷавонон аз он шудааст. 

Мақомот барои иҷрои нақшаи даъват онҳорео ҳам, ки даъваташон ба артиш қонунан манъ аст, аз ҷумла маъюбон, писарони ягона, ятимони кулл ва донишҷӯёнро “шикор” мекунанд.  

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *