Рубрики Хабарҳо

Сооронбой Ҷеенбеков истеъфои Ҳукумати Қирғизистонро қабул кард

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон бо дархости парлумони кишвараш ҳукми барканории сарвазираш Сафар Исҳоқов ва кобинаи кории ӯро содир кард.

Дар ин бора, дафтари матбуотии президенти Қирғизистон додааст.

Сафар Исҳоқов

Дирӯз, 19 апрел Парлумони Қирғизистон ба Сафар Исҳоқов раъйи адами эътимод дода буд.

Тибқи Конститутсияи Қирғизистон дар сурати раъйи эътимод нагирифтани ҳукумат аз парлумон, тасмимгирии ниҳоӣ дар бораи мондан ё мунҳал шудани кобина бар президент аст.

Парлумони Қирғизистон ба далели норизоӣ аз амалкарди солонаи ҳукумати ин кишвар дар сол 2017, бо аксарияти оро (101 раъйи мусбат аз 112 раъй) бо пас гирифтани эътимод аз ҳукумати ин кишвар мувофиқат кард.

Ин аввалин бор дар таърихи Қирғизистон аст, ки парлумон ба фаъолияти ҳукумат арзи беэътимодӣ мекунад.

Сафар Исҳоқов 29 июли соли 1977 дар шаҳри Фрунзеи Қирғизистон ба дунё омадааст. Соли 2009 Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистонро бо ихтисоси «ҳуқуқи байналмилалӣ» хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатияш аз соли 1999 дар Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон оғоз меёбад.  Аз соли 2006 то соли 2012 дар Донишгоҳи славянии Қирғизистон ба номи Б. Н. Елтсин  ба донишҷӯён дарс медиҳад.

Ҳамзамон аз соли 2003 фаъолияти худро дар Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба роҳ мемонад.

Аз моҳи апрели соли 2007 сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон таъин мешавад ва аз моҳи августи соли 2007 ба курсии сарвари шӯъбаи муносибатҳои хориҷӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон менишинад.

Аз моҳи октябри соли 2009 то апрели соли 2010  ҳамчун сардори Хадамоти алоқаи Агентии марказии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба рушд, сармоягузорӣ ва инноватсия фаъолият мекунад.

Дар моҳи майи соли 2010 сардори Раёсати сиёсати  хориҷии Ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Қирғизистон таъин мешавад ва моҳи августи ҳамон сол вазифаи роҳбарии Раёсати сиёсати хориҷии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қирғизистонро ба уҳда мегирад.

Аз 29 декабри соли 2011, дар идораи Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, дар  шӯъбаи сиёсати хориҷӣ  ба ҳайси муовини сардори шӯъба кор мекунад.

Аз моҳи декабри соли 2012 дар вазифаи муовини сардори Сарраёсати хадамоти давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва баъдтар  дар вазифаи  сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон кор кардааст.

1 марти соли 2017 бо фармони Алмосбек Отамбоев, Президенти собиқи  Қирғизистон  сардори ҳайати кадрии президенти Ҷумҳурии Қирғизистон таъин карда мешавад.

25 августи соли 2017 вакилони парлумони Қирғизистон, Сафар Исҳоқовро нахуствазири Ҷумҳурии Қирғизистон интихоб карданд. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар соли 2017 ба ҷои президент Қирғизистонро намояндагӣ кардааст.

Сафар Исҳоқов дорои унвони Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон, Мушовири давлатии хизмати ҷамъиятии дараҷаи сеюм мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *