Рубрики Хабарҳо

Анҷумани соҳибкорони тоҷику ӯзбек бо бастани шартномаҳо ба маблағи 620 млн доллар ба анҷом расид

620 миллион доллар ҳаҷми умумии маблағест, ки соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар натиҷаи Анҷумани маҳфилҳои касбу кор созиномаҳо имзо карданд.

Ин нишаст рӯзи 9-уми март дар ҳошияи сафари давлатии раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд.  Дар он ҳудуди 500 нафар, аз ҷумла раҳбарони вазоратхонаву хадамоти Тоҷикистону Ӯзбекистон ва соҳибкорони ҳарду кишвар ширкат карданд.

Ҷонибҳо дар бораи имкониятҳои сармоягузории худ наворҳои кӯтоҳе ҳам намоиш додаанд, иттило медиҳад Азия Плюс бо такя ба кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.

“Баъдан дар як фазои гарми дӯстона гуфтугӯҳои дуҷониба дар бораи самтҳои фаъолият байни соҳибкорон бо намояндагони мақомоти давлатӣ дар қолаби В2G ва муколимоти дуҷонибаи соҳибкорон дар қолаби B2B баргузо шуд” — омадааст дар хабари кумита.

Гуфта мешавад, ки бо анҷоми гуфтугӯҳои дуҷониба ва ҳали масоили марбут ба равобити тиҷории дуҷониба ва ҷазби сармоя, байни соҳибкорон созишномаҳо ба имзо расиданд.

“Зимни баргузории Анҷуман 13 созишнома ба маблағи беш аз 620 миллион доллари ИМА ба имзо расид” — гуфтаанд дар Кумитаи сармоягузорӣ.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *