Рубрики Хабарҳо

Мардони бадахшониро дар Хоруғ ҷамъ меоранд. Чаро?

Ба корхонаҳои Вилояти мухтори Кғҳистони Бадахшон амр шудааст ҳамаи коргарони ҷинси марди аз 18 то 55-соларо рӯзи 3 май ба варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ фиристанд. Ба сарпечидагон аз ин амр ҷарима таҳдид мекунад.

Дар номае бо имзои Ш.Имомбердизода, комиссари ҳарбии шаҳри Хоруғ, ки нусхааш ба дасти “Паём” расид, гуфта мешавад бар асоси фармони Сарфармондеҳи Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон “санаи 3 майи соли 2023 санҷиши омодабоши қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарии шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст”.

Дар нома, ки ба унвонии раҳбарони корхонаҳои вилоят навшта шуда, аз онҳо “хоҳиш карда мешавад, ки коргарҳои зертобеъи ҷинси марди худро аз синни 18 то 55 сола ба варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ, соати 7:00, санаи 3-майи соли ҷорӣ” ҷамъ оваранд. 

Дар нома таҳдид шудааст «даp сурати бе сабабxои урзнок ҳозир нашудан мутобиқи кодекси маьмури ҳуқуқвайронкунии маьмурии ҷумҳурии Тоҷикистон бо модаи 683 кисми 2 ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои xисоби чарима таьин карда мешавад».

Ҷамъоварии тамоми мардони як минтақа барои санҷиши омодабошӣ бори аввал дар таърихи Тоҷикистон иттифоқ меафтад ва маълум нест чаро маҳз барои ин кор шаҳри Хоруғ интихоб шудааст.

Чанд соли охир режими Раҳмон фишор болои фаъолони бадахшониро бо шиддат пурзӯр карда ва чанд куштори дастаҷамъӣ ҳам дар ин минтақа ба роҳ монд. 

Фаъолон аз ин фармони нав дар ташвиш афтода ва мегӯянд зоҳиран режим кадом нақшае алайҳи мардуми Бадахшон рӯи даст дорад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *