Хадамоти матбуотии раисҷумҳур Русия гузориш дод, ки Укроин шаби севуми май талош кард бо ду паҳпод ба Кремл ҳамла кунад. Мақомот гуфтанд, ки Русия ин ҳақро барои худ маҳфуз медорад, ки «дар куҷо ва дар ҳар замоне, ки салоҳ бидонад» посух диҳад. Владимир Путин дар замони ҳамла дар Кремл набудааст.
Кремл гуфтааст: “имшаб режими Киев талош кард бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба мақари раёсатҷумҳурии Кремл ҳамла кунад. Ду паҳпод дар ин ҳамла ширкат доштанд.
Дар идома омадаст: дар натиҷаи иқдомоти ба мавқеъи неруҳои низомӣ ва неруҳои вижа бо истифода аз сомонаҳои радарӣ, паҳподҳо аз мадор хориҷ шуданд.
Хадамоти матбуоти таъкид кардааст: дар натиҷаи суқут онҳо ва афтодани қатаот дар қаламрави Кремл, ҳеҷ қурбонӣ ва хисороти моддӣ вуҷуд надошт.
Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Русия таъкид кард, ки Владимир Путин дар натиҷаи ин ҳамла осебе надидааст. “Барномаи кории ӯ тағйир накардааст, мисли рӯзҳои гузашта идома дорад”.
Ин иддаъои Кремл дар ҳолест, ки то ҳол ҳеҷ меҳмони хориҷие ба истиснои раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов омодагии ширкат дар паради ҳарбии Маскавро изҳор накрадааст.
Дар ин баёния омадааст: “тарафи Русия ин ҳақро барои худ маҳфуз медорад, ки ҳар ҷо ва замоне, ки салоҳ бидонад, посух диҳад».
Имрӯз, 3 май шаҳрдори Маскав Сергей Собянин истифода аз паҳподҳоро дар Москва мамнуъ кард.