Рубрики Хабарҳо

Омўзгорон тиҷорати табибонро ёд гирифтанд

Директорони  мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе аз волидайн расиди либоси мактабии харидаашонро талаб кардаанд.

Нигина Шакарова,  сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мегўяд, ки  директори мактабе, ки ду фарзандаш онҷо таҳсил мекунанд аз ў ва дигар волидайн расиди либоси мактабиро талаб кардаанд.


«Гуфтанд, ки аз «Текстил» либос харед ва квитансия (расид)-ро ба мо биоред. Монанди табибон, ки вақте ташхис мегирӣ таъкид мекунанд, ки аз кадом нишона дорухона ё аптека  бояд дорў харед. Вақте муаллима расид талаб кард, маро хандаам гирифт, ки инҳо низ аз тиҷорати табибон ёд гирифтанд. Табибон бо дорухонаҳо шартномаҳои шифоҳӣ доранд. Ба бемор номи доруҳоро нависта баъд ҳатман огоҳ мекунанд, доруро аз фалон дорухона бихаред. Анакнун ин тиҷоратро омӯзгорон низ ёд гирифтанд.

«Текстил» рафтам либосҳои қиммат, нагирифтем. Бо ҳамсояҳо ният кардем, ки аз бозори Корвон мегирем. Имрўз шунидем, ки кадоме аз «Текстил» либос намехарад ва расидро ба мактаб намесупорад, фарзанди ў ба мактаб роҳ дода намешавад  ё муносибати омўзгорон бо шогирд сард мегардад. Намедонем чӣ кор мекунем? Либосҳои соли гузаштаашон хуб аст, вале либоси нав талаб доранд»-гуфт Нигина Шакарова.

Директорони мактабҳо дар посух ба ин суол, ки расид ба Шумо чӣ лозим?, посух доданд, ки ин супориш аз тарафи раёсати шаҳр шудааст.

Ин «талаб»-и маорифчиёни шаҳри Душанбе рафтори «табибон»-ро мемонад, ки ба табибон ҳангоми додани истеъмоли дорўхат аз кадом дорухона харид карданро тавсия медодаанд ва расидро талаб мекарданд. Баъди ишфо шудани ҳамкории тиҷоратии табибон бо дорухонаҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чунин муносибатҳои «ҳамкорӣ»-ро маҳкум карда аз васоити ахбори омма хоҳиш кард, то дар ин самт бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. Акнун ин таҷрибаро омўзгорон пеш гирифтаанд.

Вазорати саноат ва технологияи нав аввали соли ҷорӣ ба корхонаҳои нассоҷии шаҳри Душанбе супориш додаст, ки то соли нави хониш ҳудуди 2 миллион либоси мактабӣ омода кунанд. Корхонаҳои нассоҷӣ «Текстил», «Хуҷанд Котон», «Гулистон», ва “Ёқут” то ба имрўз наздик ба 600 ҳазор нақшаи супоришии вазорати саноат ва технологияро иҷро кардаанд. То авали соли хониш эҳтимоли 400 ҳазор либоси мактабии дигар ҳам ҳаст. Як намояндаи корхонаҳои нассоҷӣ сабаби иҷро нашудани нақшаро чунин шарҳ дод.


«Якум на ҳама корхонаҳои дўзандагӣ дастгоҳҳои дўхтани чунин либосро доштанд. Танҳо корхонаҳои саноатии Хуҷанд ин таҷҳизотро доштанд ва солҳои гузашта ҳам бозоррро онҷо таъмин мекарданд. Соли гузашта ба корхонаҳои пойтахт ва ҷумҳурӣ супориш дода шуд.  Ин миқдорро тамоми сол  омода карда мешавад. Нигаронӣ аз нарху навои ин либосҳо зиёд аст. Падару модар бояд донанд, ки барои дўхтан ва интихоби матоъи он дастгоҳҳо ва матоъи махсус даркор аст. Ҳар як порчаи либосҳо тавассути дастгоҳҳои алоҳида буридаву оро дода мешавад»- гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.


Ба оғози соли нави хониш дар Тоҷикистон камтар аз 10 рўз боқӣ мондааст. Соли ҷорӣ ҳудуди 1 миллион хонанда ба таълим фаро гирифта мешавад. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм мегўяд, ки сол то сол теъдоди хонандагони синфи якум афзоиш ёфта, ин омор соли ҷорӣ ба 200 ҳазор расидааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *