Созмони Гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Border), мақараш дар Фаронса дирӯзи 3 май бо нашри Шохиси нави худ дар бораи озодии матбуотро нашр кард, ки дар он Тоҷикистон дар қатори кишварҳо вазъи матбуоташон “хеле бад” қарор гирифтааст.
Соли 2022 Тоҷикистон дар ин шохис аз ҷумлаи кишварҳое ба ҳисоб мерафт, ки вазъи матбуоташон “душвор” номида мешуд, аммо зоҳиран ба зиндон маҳкум шудани 7 хабарнигор ба мавқеъи Тоҷикистон дар ин шохис таъсир кардааст.
Жанна Кавелйе, мудири бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони Гузоришгарони бидуни марз рӯзи 3и май ба Радиои Озодӣ гуфтааст, аз миёни 180 кишвар Тоҷикистон дар ҷойгоҳи 153-юм аст: «Холҳои кишвар аз рӯйи меъёрҳои вазъи амниятӣ ва иҷтимоӣ поин омад. Дар шарқи кишвар, дар ҷойи зисти мардуми Помир, шоҳиди эътирозҳо будем, ки бо шеваи хушунатомез саркӯб шуд ва даҳҳо қурбонӣ дошт.»
Хонум Кавелйе афзуд, мақомот монеи бозтоби ин ҳодиса шуданд.
«Чанд журналисте, ки хостанд дар Тоҷикистон корҳои таҳқиқотӣ ё мақомотро танқид кунанд, бо хатари озори ҷисмӣ, ҳамла, таҳдид ва ҳатто ҳабс рӯбарӯ шуданд. Барои ҷиноятҳои сохта ба зиндон андохта шуданд. Онҳоро ҳатто зери шиканҷа ба эътирофи гуноҳ маҷбур карда, ҳукмҳои тӯлонӣ доданд. Гузоришгарони Бидуни Марз чунин тарзи саркӯби матбуотро маҳкум ва озодии Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва дигар журналистони зиндониро талаб мекунад,» — хулоса кард Жанна Кавелйе.