Ҷорӣ шудани сел дар манотиқи мухталифи Эрон илова бар осеб задан ба зерсохтҳо, дасти кам 9 кушта ва даҳҳо маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.
Бориши шабонаи борон дар Теҳрон мунҷар ба ҷорӣ шудани сел дар минтақаи Имомзода Довуд ва Кон шуд. Бино ба гузоришҳо дасти кам ҳафт нафар дар сели минтақаи Эмомзода Довуди Теҳрон кушта шуданд. Ин дар ҳолест, ки 9 нафар низ маҷрӯҳ ва 14 нафари дигар нопадид шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Эрон эҳтимоли афзоиши шумори нопадидшудагон вуҷуд дорад.
Ҷасади як нафар, ки бар асари ҷорӣ шудани сел ҷон бохта буд низ дар наздикии Дамаванд кашф шуд.
Аз сӯи дигар бо таваҷҷуҳ ба ин ки бориши борон имрӯз низ идома пайдо кард нерӯҳои наҷотдиҳанда иқдом ба тахлияи маҳаллаи Эмомзода Довуд карданд.
Муҷтабо Холидӣ, сухангӯи Ожонси ҳолатҳои фавқулъода гуфтааст, ки дар ин минтақа рониши замин иттифоқ афтодааст ва ҳамчунон теъдоде аз худравҳо зери гил ва лой мондаанд.
Ҳамзамон резиши сақфи як воҳиди маскунӣ дар Зоҳидон, маркази устони Систон ва Балучистон, ки дар пайи бориши шадиди борон рӯй дод ҷони ду кӯдакро гирифт. Падари ин ду кӯдак низ дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шуда ва ба бемористон интиқол ёфтааст.
Раиси Созмони имдод ва наҷоти ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон гуфтааст, ки нерӯҳои ин Созмон дар 21 устони кишвар дар ҳолати омодабош ба сар мебаранд. Ба гуфтаи вай 18 устони Эрон даргири селоб ҳастанд.
Маркази миллии пешбинӣ ва мудирияти буҳрон бонги хатари вазъи ҳаво зада, ки тайи рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе эҳтимоли хисорати густурда ва зиёд дар кишвар вуҷуд дорад. Ин ниҳод барои 27 устони Эрон тайи имшаб ва ду рӯзи оянда ҳушдори норинҷӣ содир кард.
Ҷорӣ шудани сел дар устони Форси Эрон чанд рӯз пеш 32 кушта бар ҷой гузошта буд.
Ҳар чанд Эрон тайи солҳои ахир бо давраҳои такрор ба такрори хушксолӣ рӯбарӯ буд. аммо боришҳои селосо низ борҳо хисоратҳои ҷонӣ ва молӣ ба бор овардааст. Ҷорӣ шудани сел дар ҷануби Эрон се сол пеш дасти кам 76 кушта бар ҷой гузошт. Ин дар ҳолест, ки мизони хисорати ношӣ аз сели соли 2019 беш аз ду миллиард доллар тахмин зада мешавад.