Рубрики Хабарҳо

Ҳамалаҳои Толибон шиддат гирифтааст. Охирин гузоришҳо

Ҷамол Носир Борказӣ, сухангӯи полис дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, ки дар ҳамлаи хумпораӣ ба як худрав дар ин вилоят дасти кам панҷ ғайринизомӣ кушта шуданд. 

Ба гуфтаи ин мақоми маҳаллӣ ду тан аз қурбониён кӯдак ҳастанд. Сухангӯи полиси вилояти Қандаҳор гурӯҳи Толибонро масъули ҳамлаи хумпораӣ ба ин худравӣ таксӣ муаррифӣ кард. Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳи Толибон ин амрро такзиб кардааст. 

Аз сӯи дигар ҳамалоти ракетӣ ба фурудгоҳи Қандаҳор тамоми парвозҳои ин фурудгоҳро лағв кард. Ин ҳамалот дар ҳоле рух дода, ки Толибон ҳамалоти ҳамаҷониба худ ба саросари кишварро идома медиҳад. Масъуд Паштун, раиси фурудгоҳи Қандаҳор ба хабаргузории Фаронса гуфта, ки шанбешаб се ракет ба самти фурудгоҳ шиллик шуда ва ду мавриди он ба хати парвози фурудгоҳ исобат кардааст. 

Паштун гуфтааст кори таъмири хат дар ҳоли анҷом аст ва интизор меравад парвозҳо баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе аз сар гирифта шавад. 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон анҷоми ин ҳамалот аз сӯи Толибонро таъйид кардааст. Муҷоҳид дар гуфтугӯ бо хабаргузории Рейтерз муддаӣ шудааст ин ҳамалот ба ин иллат сурат гирифта, ки “душман” аз он барои ҳамла ба Толибон истифода мекардааст. 

Ҳамчунин як мақом дар Созмони ҳавопаймоии кишвари Афғонистон ҳамалоти мушакиро таъйид кардааст. Толибон ҳафтаҳое аст, ки ҳамалоти густурдаеро ба ҳавмаи Қандаҳор оғоз карда ва ин нигарониҳо барои тасарруфи ин минтақа аз сӯи шӯришёни гурӯҳи Толибон афзоиш додааст. 

Мақомҳои Афғонистон мегӯянд Толибон вилояти Қандаҳорро ба унвони марказии стратегӣ дар назар мегирад ва мехоҳад бо тасарруфи он ба пешравиҳои худ дар манотиқи муҷовир густариш диҳад. 

Ҳамчунин даргириҳо байни нерӯҳои афғон ва ҷангҷуёни Толибон дар шаҳрҳои Қандаҳор ва вилояти ҳамсояи Ҳилманд шиддат гирифтааст. Дар ғарби кишвар мақомҳои афғон гуфтаанд, ки фармондаҳони Толибон ба суръат контроли сохтимонҳои стратегӣ дар атрофи шаҳри Ҳиротро ба даст гирифтаанд ва ғайринизомиёнро дар хонаҳои худ ҳабс кардаанд. 

Нерӯҳои низомии ҷадид вориди Ҳирот шуданд 

Бо идомаи даргириҳо дар Ҳирот, рӯзи якшанбе Тулӯъ-Нюз гузориш дод, ки Ҷилони Фарҳод, сухангӯи волии Ҳирот эълом карда нерӯҳои низомӣ ва дифоъии ҷадид бо таҷҳизот ва имконот барои дифоъ аз шаҳр вориди Ҳирот шудаанд. Ў ҳамчунин муддаӣ шуда, ки ба зудӣ вазъияти амниятӣ дар шаҳри Ҳирот ва бахшҳои дигар ин вилоят беҳбуд хоҳад ёфт. 

Рӯзи гузашта ва дар севумин рӯзи ҳамлаи Толибон ба Ҳирот даргириҳо миёни нерӯҳои амниятӣ ва нерӯҳои Толибон ба маркази шаҳри Ҳирот наздиктар шудааст. 

Толибон рӯзи панҷшанбе ба қасди тасарруфи Ҳирот, ба ин шаҳр ҳамла кард аммо бо муқовамати нерӯҳои амниятӣ ва гурӯҳҳои мардумӣ ҳанӯз натавониста ба ҳадафи худ даст ёбад. 

Сафорати Эрон дар Кобул ҳам тайи баёнияе аз эрониён хост аз сафар ба Афғонистони худдорӣ кунанд. Дар ин баёния, ки рӯзи якшанбе мунташир шуда аз шаҳрвандони эронӣ хоста шуда ба далели ташдиди мухотироти амниятӣ дар Афғонистон то иттилоъи баъдӣ ба ин кишвар сафар накунанд. Сафорати Эрон таъкид кард чунончи шаҳрвандон бар ҳасби зарурат ниёз ба сафари изтирорӣ ба Афғонистон аст, метавонанд бо ҳамоҳангии қаблӣ бо сафорат, дар муддати замон маҳдуд ва бо итминон аз вуҷуди парвози баргашт, сарфан ба шаҳри Кобул сафар намоянд. 

Дар ҳамин ҳол дафтари Созмони милал дар Афғонистон аз Толибон хостааст то таҳқиқоти комиле дар хусуси ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба сохтмони аслии ин ниҳод дар Ҳирот анҷом диҳад. Ҳамлае, ки ба кушта шудани як нигаҳбони афғони ин сохтмон мунҷар шуд. Дар ин баёния ҳамчунин бо таъкид бар ин ки Созмони милал ба унвони як ниҳоди ғайринизомӣ дар Афғонистон фаъолият мекунад, омадааст: “Созмони милал аз талошҳо барои сулҳ, иртиқои ҳуқуқи ҳамаи афғонҳо ҳимоят мекунад ва ҳамчунин мехоҳад бо ироаи кумакҳои башардӯстонаи ҳаётӣ ба миллионҳо афғон кумак кунад то зиндагӣ бидуни таҳдид ва хушунатро таҷриба кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *