Раисҷумҳури Фаронса дар хусуси мусулмонон ва ҳиҷоб дар ин кишвар изҳор дошт, имрӯз 4.5 то 6 миллион мусулмон шаҳрванди Фаронса ҳастанд ва бояд озодиҳои динӣ ва эътиқодиро ба расмият бишносем.
Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар гуфтугӯи телевизионӣ бо шабакаи BFMTV-и ин кишвар дар посух ба савол дар хусуси мусулмонон ва ҳиҷоб бо ишора ба густариши ислом дар Фаронса гуфт: имрӯз 4.5 то 6 миллион мусулмон шаҳрванди Фаронса ҳастанд. Дар тӯли таърих, Фаронса бо яҳудиён, протестантҳо ва католикҳо иртибот дошт, вале ислом дини ҷадид дар Фаронса аст.
Вай афзуд: ба далели вуҷуди бархе гароишҳои ифротӣ, бисёре аз шаҳрвандонамон аз зеҳнияти ҷадид тарс ва воҳима доранд ва агар хоҳони иттиҳод ҳастем, бояд озодиҳои динӣ ва эътиқодиро ба расмият бишносем.
Раисҷумҳури Фаронса дар посух ба саволи хабарнигор мабнӣ бар ин ки «вақте як зани мӯҳаҷҷабаро мебинед чӣ эҳсосе пайдо мекунед?» гуфт: ба ӯ эҳтиром мегузорам. Фаронса низ бояд ба ин масъала эҳтиром бигузорад.
Макрон ҳамчунин гуфт «аз қонуне, ки ҳиҷобро дар Фаронса манъ кунад, ҳимоят нахоҳам кард.»