Бонки ҷаҳонӣ афзоиши камбизоатиро дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгӯйӣ карда мегуяд, иқтисоди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2020 ба андозаи 1,7 дар сад кам мешавад ва ин ҳам дар муқоиса бо сатҳи 4,9 дар сади афзоиш дар соли гузашта аст.
Дар Бонки ҷаҳонӣ “Шарҳи иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ: COVID-19 ва сармояи инсонӣ” қайд мешавад, ки пандемияи коронавирус ба кишварҳои минтақа ба таври гуногун таъсир расонид.
Гуфта мешавад, соли ҷорӣ поинравии иқтисод дар Қазоқистон ба андозаи 2,5 дар сад ва Қирғизистон — 5,5 дар сад пешбинӣ мешавад. Дар Тоҷикистону Ӯзбекистон поинравӣ сурат нагирифта, лекин суръати афзоишии Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ начандон назаррас хоҳанд буд. Ҳамагӣ 1,6 дар сад дар Тоҷикисто ва 0,6 дар сад дар Ӯзбекистон Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ афзоиш хоҳад дошт. Ин нишондиҳандаҳо соли гузашта мутаносибан 7,5 дар сад ва 5,6 дар садро ташкил медоданд.
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки мушкилиҳои иқтисодии бар асари пандемия пайдошуда ба афзоиши сатҳи камбизоатӣ дар ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ боис мегарданд.
Тибқи пешгуии Бонки Ҷаҳонӣ “Бо ҳисоби ҳадди камбизоатӣ 3 доллару 20 сент дар як рӯз то 1 миллиону 400 ҳазор нафар дар сафи аҳолии камбизоат қарор гирифта метавонанд”.
Муаллифони гузориш таъкид месозанд, ки соли 2021 афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 3,7 дар расида метавонад.
Гуфта шудааст, ки “ин пешгӯйӣ ба дастовардҳо дар таҳияи ваксина ё дору аз COVID-19, инчунин барқарор шудани ҳаҷми интиқоли маблағ ва суръати савдои беруна вобаста хоҳад буд”.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, шумори аҳолии камбизоате, ки бо камтар аз 1 доллару 90 сент дар як рӯз зиндагӣ мекунанд, бори нахуст баъди 20 сол то ба 150 млн нафар расида метавонад.