Рубрики Хабарҳо

Пригожин Вазорати дифоъи Русияро муттаҳам ба тарки мавзеъҳо дар Баҳмут кард

Евгений Пригожин, раҳбари гурӯҳи шибҳинизомии Вагнер мустақиман аз вазорати дифоъи Русия хост, ки мавзеъҳои худро дар атрофи шаҳри Баҳмут воқеъ дар шарқи Укроин раҳо накунанд. Иддаое, ки матраҳсозии он, аз шикофи бештар миёни ин гурӯҳи муздур ва артиши Русия хабар медиҳад. 

Ӯ дар паёми сабтшуда, артиши Русияро муттаҳам кард, ки дар ҷараёни набарди хона ба хона дар шаҳри Баҳмут воқеъ дар устони Донетск, ақибнишинӣ карда ва афроди ин гурӯҳро дар ихтиёри сарбозони укроинӣ гузоштааст. 

Пригожин, ки пеш аз ин низ чандин бор мақомоти аршади низомии Русияро муттаҳам карда буд, ки барои ҳимоят аз афродаш ба андозаи кофӣ иқдом намекунанд, аз вазорати дифоъ хост то пас аз ақибнишинӣ низ, тамоми талоши худро барои муҳофизат аз мавозеъи Русия дар атрофи Баҳмут анҷом диҳанд. 

Ӯ хитоб ба Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия ва Валерий Герасимов, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи федератсияи Русия гуфт: “мутаассифона воҳидҳои вазорати дифоъи Русия то 570 метрии шимоли Баҳмут ақибнишинӣ карданд ва мавзеъҳои моро раҳо карданд.” 

Пригожин афзуд: “ман аланан аз фармондеҳони аршади вазорати дифоъ дархост мекунам, зеро номаҳои ман хонда намешавад. Лутфан мавзеъҳоятонро раҳо накунед.” 

Ҳеҷ кадом аз мақомоти аршади артиши Русия посухе ба дархостҳои Пригожин надодаанд ва ҳамзамон низ гузориш мешавад, ки ҳамалоти Русия ба шаҳрҳои мухталифи Укроин идома дорад. 

Маскав шаҳри Баҳмутро, ки қабл аз ҷанг 70 ҳазор нафар ҷамъият дошт, пуле барои тасарруфи бақияи манотиқи саноъатӣ дар шарқи Донбасс ва ҳам марз бо Русия медонад. 

Набарди Баҳмут яке аз хунинтарин ва тӯлонитарин набардҳои ҷанги Укроин будааст ва нерӯҳои Вагнер пештози ҳамла ба Баҳмут буд. 

Ин гурӯҳ мегӯяд, ки бахши аъзами ин шаҳри харобшударо ба даст овардааст, аммо Укроин ин иддаоро рад мекунад ва таъкид дорад, ки нерӯҳояш дар рӯзҳои ахир бисёре аз манотиқи атрофи Баҳмутро бозпас гирифтаанд. 

Киев ҳамчунин муддаӣ шуд, ки 29 мушак аз 30 мушаке, ки шаби чаҳоршанбе ба самти пойтахт шиллик шударо сарнагун кардааст. 

Гуфта мешавад, ки ин ҳамалот, тавассути бомбафканҳои стратегӣ минтақаи Хазар ва эҳтимолан бо истифода аз мушакҳои болдор анҷом шудааст. 

Ин нӯҳумин боре аст, ки Маскав дар моҳи ҷорӣ шаҳри Киевро ҳадаф қарор медиҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *