Рубрики Хабарҳо

Дар Арманистон ҷарроҳии саратон бепул шуд

Тибқи гуфтаи вазири тандурустии ин кишвар, минбаъд дар Арманистон маблағи ҷарроҳии саратонро давлат пардохт хоҳад кард. Аммо танҳо дар он муассисаҳои тиббие, ки вазорати тандурустӣ интихоб мекунад.

Шаҳрвандони Арманистон диагр барои ҷарроҳии омоси саратон пул пардохт намекунанд. Дар ин бора рӯзи 23 январ вазири тандурустии Арманистон Арсен Торосян хабар дод. Маҳз барои ин ҳадаф маблағгузории хидматрасонии тиббӣ дар соҳаи онкологӣ 700 миллион драм (ҳуҳули 1,27 миллион доллар) бештар карда мешавад.

“Қисмати асосии маблағи ҷудошуда барои таъмини молии ҷарроҳии бемориҳои саратон равона карда мешавад, ки пурра аз ҳисоби давалат гузаронида хоҳанд шуд, аммо танҳо дар он муассисаҳои тиббие, ки Вазорати тандурустӣ интихоб мекунад” — гуфт Торосян. Дар ҳамин ҳол барои аввалин бор давлат маблағи партавдармониро низ пардохт мекунад.

Охири моҳи январ дар Арманистон ҳукумати нав ба кор оғоз мекунад. Тибқи гуфтаи сарвазири ин кишвар Никол Пашинян ҳукумат “дар воқеъ шакл гирифтааст”. Дар ҳамин ҳол шумори вазоратхонаҳо аз 17 то 12 адад кам карда мешаванд. Аз ҷумла вазорати диаспораҳо ва чанде дигар аз байн хоҳанд рафт.

Иттиҳоди “Гоми ман”, ки ба раҳбари ҳаракати озодихоҳӣ Никол Пашинян мутааллиқ аст, дар интихоботи ғайринавбатии парлумонии 9 декабр пирӯз шуд. Барои даст ёфтан ба парокандашавии парлумони қаблӣ ва баргузорсозии интихоботи ғайринавбатӣ, сарвазир Пашинян ба истеъфо рафт. Баъди он парлумон ду маротиба натавонист раҳбари ҳукуматро интихоб кунад ва тибқи сарқонун пароканда карда шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *