Раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ Шараф Турсунзода аз тарафи маъмурони Агентии мубориза бо иттиҳоми даст задан ба фасоди молӣ дастгир шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба Сулаймон Султонзода, раиси Агентии зиддифасод, хабар медиҳад.
Ду рӯз пеш раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармоне Шараф Турсунзодаро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад» аз мақомаш барканор карда буд.
Ӯ чаҳор моҳ пеш раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ таъйин шуд. То он замон ба ҳайси додраси ин додгоҳ кор мекард.
Ҳафтае пеш раиси Додгоҳи шаҳри Ҳисор Зайдулло Собирзода низ бо ҳамин иттиҳом аз мансабаш барканор гардид.
Дар даҳ соли ахир 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.
Феълан дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд.