Дар соли 2021 қимати патент барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави вилояти Томски Русия кору фаъолият мекунанд, имкон дорад тағйир ёбад.
Тавре дафтари матбуотии думаи қонунгузори вилояти Томск иттилоъ додааст, қимати патент дар қаламрави ин минтақа тақрибан 4317 рубл дар як моҳро ташкил хоҳад дод. Бояд гуфт, ки то имрӯз қимати патент дар ин минтақа 4193 рублро ташкил медод.
Ҳамин тавр, арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ тақрибан 120 рубл афзоиш хоҳад ёфт.
Тибқи омор дар вилоят дар соли равон бино бар паҳншавии вируси корона теъдоди муҳоҷирон ба маротиб коҳиш ёфтааст. Гуфта шудааст, ки аз 13ҳазору 700 муҳоҷири меҳнатие, ки қаблан ба вилояти Томск ворид мешуд, имсол бино бар пандемия ҳамагӣ 4 ҳазору 300 муҳоҷир ба ин минтақа ворид шудааст.
Инчунин тақрибан ду баробар гирифтани патент кам шудааст. Шумори муҳоҷироне, ки патент мегирифтанд аз 6,2 ҳазор то 3,2 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Ҷамъоварии андоз низ 22 дарсад коҳиш ёфтааст ва имсол ҳамагӣ 96 миллион рублро ташкил додааст.
Дар иттилоияи думаи минтақаи Томск гуфта шудааст, ки «барои муқоиса дар ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби пардохти андози муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаи ин минтақа 157,4 миллион рубл ворид шуда буд».