Аз ҷониби додгоҳи Таганскии Маскав ҳукми манъи дастрасӣ ба паёмрасони Telegram содир шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Роскомнадзор хабар додааст.
Тавре хабаргузории Интерфакс хабар додааст, Александр Жаров, роҳбари кулли Росскомнадзор гуфтааст, ки худи ҳамин рӯз аз соҳибони фурӯшгоҳҳои барномаҳои интернетии App Store ва Google Play дархост мекунад, ки замимаи Telegram-ро лағв кунанд.
Ҳукми манъи дастрасӣ ба паёмрасони Telegram замоне содир шуд, ки роҳбарияти он бо такя ба талаботи Қонститутсияи ФР дар бораи мукотибаи маҳрамона, аз додани калиди паёмҳои корбарон ба Хадамоти амнияти Русия сарпечӣ кард. Аз ин лиҳоз Роскомнадзор Telegram-ро ба феҳрасти замимаҳои мамнӯъ дар Русия ворид кард.
Муассиси паёмрасони Telegram Александр Дуров гуфт, ки паёмрасон фаъолияташро бо истифода аз қуфлшиканҳо ва VPN идома медиҳад.
Аммо коршиносон гуфтаанд, ки айни замон манъ кардани дастрасӣ ба шабакаҳои интернетӣ ва паёмрасонҳо як кӯшиши беҳуда мебошад. Ингуна амалҳо як намуди назарфиребӣ буда, бо ин роҳ мехоҳанд боварии мардум ба паёмрасонҳои худӣ нисбат ба паёмрасонҳои хориҷӣ бештар шавад.