Рубрики Хабарҳо

Аввалин зани фазонаварди араб

Райяна Барнавӣ, аввалин фазонавардзани араб аст, ки ду рӯз қабл роҳии фазо шуд. 

Ин зани фазонавард, ки 34 сол дорад ва аҳли Арабистони саудӣ аст дар маъмурияти чаҳорнафара ба ҳамроҳи Пегги Уитсон, фазонаварди собиқадори НАСА, дар сафари даҳрӯза ба истгоҳи фазоии байналмилалии (ISS) эъзом шудааст. 

Ин чаҳорумин парвози Пегги Уитсон ба истгоҳи фазоии байналмилалӣ аст. 

Ин сафари фазоӣ тавассути ширкати “Спейс икс»( SpaceX) анҷом шудааст. 

Райяна пас аз партоб гуфт: “салом аз фазо. Тамошои замин аз ин капсул эҳсоси шигифтангезӣ дорад.” 

Райяна мегӯяд аз таҳқиқоте, ки қарор дар фазо анҷом диҳад ва аз ин ки метавонад улгуе барои ҷавонон бошад ва таҷрибаҳои худ аз ҳузур дар истгоҳи фазоии байналмилалиро бо онҳо ба иштирок бигузорад “бисёр ҳаяҷонзада” аст. 

Ӯ мегӯяд: “ин ки битавонам чеҳраашонро ҳангоми дидани аввалин фазонавард аз сарзамини худашон бубинам бароям ҳаяҷонангез аст.” 

Ӯ дар видеое, ки қабл аз расидан ба мақсад дар фазое филмбардорӣ шуда, гуфт: барои мардум дар саросари ҷаҳон, оянда бисёр равшан аст. Ман дӯст дорам, ки шумо рӯйёҳои бузурге дошта бошед, ба худтон ва ба инсоният имон дошта бошед. 

Машъал Шуморӣ, муҳандиси ҳавофазоии араби америкоӣ ва мушовири комиссияи фазоии Арабистон, гуфт: “умедворем ин маъмурият барои дигар духтарон илҳомбахш бошад.” 

Ин дар ҳоле аст, ки занон дар Арабистони саудӣ танҳо дар соли 2018 ба ҳаққи ронандагӣ даст ёфтанд ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар таъкид мекунанд, ки ҳуқуқи занон дар ин кишвар ҳанӯз маҳдуд аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *